29 августа соли 2017 дар Корхонаи  воҳиди  давлатии  “Сементи  Тоҷик” бо иштироки кормандони Прокуратураи генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Аҳамият ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вохурӣ доир гардид.

Дар рафти вохурӣ қайд  гардид, ки  таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар таҳаввулоти азими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ  амалӣ карда шуд.

Заминаҳои устувори ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мудофиа ва амнияти миллӣ фароҳам оварда шуданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо