Камолов Каврак Шодибекович моҳҳои сентябр-октябри соли 2018 худсарона бидуни ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда масоҳати 0,08 га қитъаи замини чарогоҳи деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисорро ишғол намуда, дар масоҳати 18 метри мураббаи он иншооти манзилҳои ёрирасонро бунёд намудааст.

 Кумитаи идораи замини шаҳр бошад, нисбати Камолов К.Ш. барои худсарона истифода бурдани қитъаи замин бо моддаи 141 Кодексы ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намудааст.

   Бинобар бармаҳал ва ғайриқонунӣ будани қарори қабулнамудаи Кумитаи идораи замини шаҳри Ҳисор ҷиҳати бекор намудан эътироз оварда шуда, қитьаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

 Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо