Вақтҳои охир, тариқи воситаҳои ахбори оммаи дохилаву хориҷа маълумотҳо дар бораи садамаи нақлиётӣ бо иштироки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар Шоҳроҳи ҳалқавори нақлиётии Москва (МКАД) шуда гузашт, зиёд шудааст.     

  Бахусус, дар онҳо гуфта мешавад, ки садамаи нақлиётӣ бо иштирок ва айби шаҳрванд Анварзода Ислом, ки собиқ муовини прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар садамаи нақлиётии маргвор иштирок намуда буд, рух додааст.

    Қайд кардан зарур аст, ки дар садамаи нақлиётии дар ҳудуди Федератсияи Россия рухдода дар воқеъ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Анварзода Ислом Кабир (ҳамноми Анварзода Ислом), 10 июни соли 1988 соли таваллудаш иштирок намуда, дар мақомоти прокуратура кор намекунад ва ба корманди собиқи он Анварзода Ислом иртиботе надорад

 

 

 

 

 

 

Хабарҳо