Шарипов Фатҳулло Ҳазратқулович соли 2014 бо шаҳрванд Холова Бибисайрам Сафарбековна оила барпо намуда, аз зиндагонии якҷояашон соҳиби 2 фарзанд гардидаанд. Ӯ дидаву дониста, ки ҳамсараш аз ҷиҳати моддӣ ва муносибати оилавӣ дар тобеияташ мебошад, нисбати ҳамсар ва фарзандони хурдсолаш муомилаи сангдилона намуда, онҳоро бо хӯрока ва либоса таъмин накарда, мунтазам шаъну эътиборашонро паст зада, фишору зӯроварӣ намудааст.

  Дар натиҷа Холова Б.С. ба ин муносибатҳои сангдилонаи Шарипов Ф.Ҳ. тоб наоварда, 7 майи соли 2018 тахминан соати 05:30 дақиқа бо мақсади худкӯшӣ худро ҳамроҳи фарзандони хурдсолаш Шарипов С.Ф. ва Шарипов Н.Ф. ба дарёи Кофарниҳон партофтааст.

  Прокурори шаҳри Ҳисор нисбати Шарипов Ф.Ҳ. бо моддаи 109 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба худкӯшӣ расонидан) парвандаи ҷиноятй оғоз намуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣсор ба суд ирсол намудааст.

  Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор Шарипов Ф.Ҳ. гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 5 сол бо нигоҳ доштан дар калонияҳои ислоҳии низомаш пурзӯр маҳкум карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо