Менгатов Рустамҷон Менгпулатович сокини ноҳияи Панҷ соли 1997 мадрасаи исломии шаҳри Бохтарро (Қӯрғонтеппа) хатм карда, қаблан бо моддаи 170 Кодексиҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, ба худ хулосаи зарурӣ набаровардааст.

 

   Мавсуф бо мақсади давом додани таҳсилоти динӣ, ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафта, дар онҷо дар суроғаи истиқоматии “Акбар” ном қумондон аз истифодаи яроқи оташфишон ва тайёрии ҷангӣ таълим гирифта, дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки бо ҳалномаи суд дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияти экстремиста манъ карда шудааст, барои иштирок намудан, қасдан даст ба ҷиноят задааст.     

  Ӯ ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия (аз соли 2001 то соли 2015) аз шаҳри Москва 18 марта соли 2015 ба Туркия назди хешовандонаш рафта, дар онҷо бо рафиқи туркаш бо номи Аҳмад ва ду нафари дигар зиндагӣ мекунад. Онҳо бо тариқи пинҳонӣ ба ташкилоти террористию экстремистии «ДИИШ» шомил шуда, шаҳрвандони Туркияро барои муқобили қувваҳои давлатии Сурия ҷангидан даъват менамоянд.

  15 апрели соли 2017 Р. Менгатов аз Туркия тариқи Федератсияи Русия ба Тоҷикистон омада, боз дафъатан мақсади ба Сурия рафтану ба қавли худ ҷиҳод намуданро намудааст. Ӯ моҳҳои май - июни соли 2017 дар хонаи шаҳрванд Қурбонов Назирҷон Конович воқеъ дар ноҳияи Панҷ барои ба Сурия рафтан ташкилоти террористӣ-экстремистии «ДИИШ»- ро таргиб кардааст.

  Нисбат ба Р.М. Менгатов бо аломатҳои ҷиноятӣ дар моддаи 3073 қисми 2 Кодексӣ ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ огоз карда шуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристонида шуд. Бо ҳукми суди ноҳияи Панҷ Р.М. Менгатов ба мӯҳлати 6 сол аз озодӣ маҳрум гардид.


Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо