Исҳоқов Бурҳон Бобоевич нимаи моҳи декабри соли 2007-ум бо ҳамсинфи худ Холматов Наим Комилович оиди бо роҳи пинҳонӣ дуздидани маблағи пулии шаҳрванд Раҳматов Асқар Аҳмедович ба андозаи панҷсад-ҳафтсад ҳазор рубли Федератсияи Россия маслиҳати пешакӣ намуд.

  Сипас, Исҳоқов Б.Б. бо Холматов Н.К., бохабар мешаванд, ки рӯзи 21 декабри соли 2007-ум аҳли оилаи Раҳматовҳо барои гузаронидани маъракаи шашмоҳаи фавти бобояшон ба ҷамоати Пулотон, деҳаи Зарбед мераванд ва дар хонаи онҳо ягон нафар намемонад. Онҳо бо мақсади амалӣ намудани нақшаи тарҳрезӣ кардаашон - тасарруфи амволи ғайр ба микдори махсусан калон ва минбаъд касдан несту нобуд кардани амвол санаи 21 декабри 2007 сол тахминан соати 1200 ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Фирдавс» рафта, аз онҷо ба як зарфи якуним литраи полиэтелинӣ маводи сӯзишвории «бензин» гирифта, ба манзили истиқоматии шаҳрванд Раҳматов А.А. ҳозир шуда, ба воситаи шикасти кулфи дар вориди ҳавлӣ гардида, кофтукови маблағи пулиро дар ҳуҷраҳо оғоз карданд. Дар ин вақт духтари соҳибмулк Раҳматов А.А. - ноболиғ Раҳматова Р.А., ки худ танҳо дар ҳавлӣ қарор дошт, дарро кушода вориди хона мешавад.

Исҳоқов Б.Б. бо Холматов Н.К. аз овози дар ба хона ворид шудани ноболиғ Раҳматова Р.А.-ро дида, бо назардошти он, ки ӯ онҳоро нағз мешинохт ва оиди амалҳои ҷиноятиашон имконияти хабар доданро дошт, нақшаи қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани ӯро кашиданд. Дар ин лаҳза, Исходов Б.Б. аз қафои дар пинҳон шуда, бо мақсади одамкушӣ аз пушт ба ноболиғ Раҳматова Р.А. дарафтода, ба воситаи чӯб гулуи ӯро фишурда, ин амали худро то лаҳзаи беқувват шудани охирин давом медиҳад. Холматов Н.К. дар навбати худ ба воситаи чӯб ба сари ноболиғ Раҳматова Р.А. як зарба мезанад. Сипас, ҷасади беҷони ноболиғ Раҳматова Р.А.-ро ба ҳуҷраи назди даҳлез гузошта, ба хона бензинро рехта, оташ зада, дари ҳуҷраро пӯшида, аз ҷои ҳодиса ғайб заданд.

  Нисбати Исҳоқов Б.Б. ва Холматов Н.К. бо аломатҳои моддаҳои м.м.244 қ.4 б."б", 32 қ.3-244 қ.4 б.«б», (барои дӯздӣ) 104 қ.2 б.б."в", "з", "и", "л"(барои одамкӯшӣ) ва 255 қ.2 б.б."а", "в"(барои несту нобуд кардани амвол) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ, парвандаи ҷиноятии мазкур бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ намудан ба суди вилояти Суғд ирсол карда шуд.

Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд аз 11.04.2018 сол Исҳоқов Б.Б. ва Холматов Н.К. дар содир кардани ҷинояти дар моддаҳои м.м.244 қ.4 б."б", 32 к.3-244 к.4 б.”б”, 104 қ.2 б.б."в”, "з","и”, "л" ва 255 К.2 б.б."а", "в" КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида гунаҳгор дониста, ба ҳар яке онҳо ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 24 (бисту чор) сол бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии низомаш сахт таъйин карда шуд.


Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо