Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2019

 16 июли соли 2019 дар асоси Нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти фаъолияти дар нимсолаи якуми соли 2019 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотии Прокурори генералӣ баргузор гардид.

  Дар он сараввал Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод доир ба фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 баромад карда, қайд намуд, ки аз ҷониби кормандони мақомот вобаста ба назорати иҷрои қонунҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд 3393 санҷишҳо гузаронида, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 15 ҳазор санадҳои эътиноии прокурорӣ татбиқ ва бо натиҷаи баррасии онҳо 24 250 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддию маъмурӣ кашида шуда, 1881 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

  Бо дахолати прокуророн 353 млн. сомонӣ, аз он 158,1 млн. сомонй ба манфиати давлат барқарор карда шуд.

  Баҳри рӯёнидани қарзҳо ва барқарор намудани зарар ба судҳои иқтисодӣ 128 аризаи даъвогӣ ба маблағи 98,9 млн. сомонӣ пешниҳод карда шудааст.

  Дар раванди назорат ба риояи қонунгузории андоз ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 1429 амр, 255 эътироз, 203 пешниҳод оварда, 110 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 1517 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 49 парвандаи диноятӣ оғоз ва 146,9 млн. сомонӣ бақияпулиҳои андоз ба будет ворид карда шудааст.

  Риояи қонунгузории замин дар маркази диққат қарор дошта, ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳо дар ин самт 1956 санадҳои эътиноии прокурорй татбиқ ва 2893 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуда, 635 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

  Вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 599 қонуншиканӣ ошкор ва нисбати шахсони гунаҳкор 299 парвандаҳои маъмурӣ оғоз карда, 300 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуд.

  Дар рафти санҷишҳо оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қонуншиканиҳои зиёд ошкор карда шуда, 2230 нафар ба ҷавобгарии маъмурию интизомӣ кашида, 103 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

  Дар нимсолаи якуми соли 2019 аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 386 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 169 ҷиноят кам мебошад.

Дар ин давра дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 12549 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

  Муфаттишони прокуратура дар ин давра тафтиши 2198 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида, 2084 адади онро нисбати 2337 нафар барои баррасй ба суд ирсол намудаанд. Дар рафти тафтиши ин парвандаҳои ҷиноятӣ 69,1 млн. сомонӣ зарар, аз ҷумла 7,9 млн. сомонй ба манфиати давлат барқарор карда шуд.

Прокуророн дар баррасии 5012 парвандаи ҷиноятӣ иштирок намуда, ба санадҳои судй 224 эътирозҳои хусусию кассатсионӣ ва назоратӣ овардаанд.

Ба судҳо 589 даъво ба маблағи 122,2 млн.сомонй пешниҳод карда шудааст.

  Ба баррасии саривақтӣ ва пурраву холисонаи муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар мақомоти прокуратура диққати хосса дода шуда, дар ин давра 6982 муроҷиатҳо баррасӣ карда шуданд.

  Аз ҷониби прокуророн ба тарғибу ташвиқи қонунҳо ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ диққати зарурӣ дода шуда, дар байни аҳолӣ, муассисаву ташкилотҳо ва қисмҳои ҳарбӣ 7403 маротиба суҳбату вохуриҳо гузаронида шудаанд.

 Мақомоти прокуратура дар оянда низ ҷихати таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ тамоми чораҳоро меандешад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ