Хабарҳо

Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ !

Прокуратураи ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ба тариқи назорати умумӣ ҳолати риоя ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро дар ҳудуди ноҳия, мавриди санҷиш қарор дода шуд.

 

    Санҷиш нишон дод, ки Ҳасанов Аскарали Ҳасанбоевич, аз моҳи сентябри соли 2014 то инҷониб дар вазифаи ёрдамчии духтури санитарии шуъбаи коммуналии ноҳияи Айнӣ, фаъолият намуда, талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба танзимдарорандаи ин соҳаро дағалона вайрон намудааст.

      Чунончӣ, ӯ ҳамчун ёрдамчии духтури санитарии шуъбаи коммуналии маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия, муроҷиати сокинони деҳаи Айнии ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ, Саидов Ю., Низомов Ш. ва Полвонов Ғ. аз санаи 22.11.2021 сол оид ба ҳоҷатхонаи дар гирду атрофи манзили истиқоматиашон буда, муроҷиати сокини деҳаи Марзичи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ, Мусофиров Р.И. оид ба партовҳои дар гирду атрофи хонааш партофташуда, аз санаи 26.06.2021 сол ва муроҷиати сокини деҳаи Айнии ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ, Шошарипова М. аз санаи 15.01.2022 сол оиди аз ҷониби ҳамсоягонаш сохтани ҳоҷатхонаро дар давоми зиёда аз 3 моҳ то 10 моҳ баррасӣ накарда, ба муаллифони он ҷавоб нагардонидааст.

    Тибқи талаботи қисми 2 сархати 4 ва 8 моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мақомот ва ё ташкилоти баррасикунандаи муроҷиат ӯхдадор аст, ки аз рӯи масъалаҳои дар муроҷиат гузошташуда, ба шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ посухи хаттӣ гардонида ва доир ба натиҷаи баррасии муроҷиат ба муроҷиаткунанда иттилоот диҳанд.

    Ҳамчунин, бояд кайд кард, ки тибқи моддаи 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳукукӣ» шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

      Прокурори ноҳияи Айнӣ, нисбати Ҳасанов А.Ҳ. бо моддаи 87-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуквайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, ба суд ирсол намудааст.

    Бо қарори суди ноҳияи Айнӣ, аз 18.05.2022 сол Ҳасанов А.Ҳ. ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба маблағи 960 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.       

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ