Хабарҳо

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Суди шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноятиро нисбати Буров Алимуҳамад Додаржонович бо моддаи 110 қисми 3 бандҳои “б, в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ), ки тафтишоти он аз тарафи прокуратураи шаҳри Ваҳдат ба анҷом расонида шуда буд, баррасӣ намуд.

 

     

     Дар тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки сокини шаҳри Ваҳдат, Буров А.Д. қаблан 2 маротиба маҳкум шуда буд, санаи 18 ноябри соли 2021 тахминан соати 23:30 дақиқа ҳангоми дар канори дарёчаи деҳаи Зарафшон, Ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат қарор доштанаш бо сокини шаҳри Ваҳдат, деҳаи Зарафшон Тавқзода Тоҳири Фарҳод, муноқиша менамояд. Дар ҷараёни ба вуқӯъ пайвастани муноқиша Буров А.Д. аз ҳисиёти авбошӣ бо истифода аз корди бо худ доштааш ду маротиба ба қисми тахтапушт ва як маротиба ба қисмати мавзеъи дили Тавқзода Т.Ф. зада, ба номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад, ки дар натиҷа Тавқзода Т.Ф. дар беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат бистарӣ карда шуда, пас аз 40 дақиқа ба ҳалокат мерасад.

     Бо ҳукми суди шаҳри Ваҳдат шаҳрванд Буров А.Д. дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 110 қисми 3 бандҳои “б,в”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 14 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии низомаш махсус, таъин карда шуд.     

 

 

          Маркази матбуоти

          Прокуратураи генералӣ