Хабарҳо

Суйқасд ба куштор !

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбати Камолов Нуридин Тоҷидинович, бо моддаҳои 32 қисми 3-104 кисми 2 банди «д» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтиши он аз ҷониби муфаттиши прокуратураи ноҳияи Файзобод, ба анҷом расонида шуда буд, баррасӣ намуд.

 

     

     Дар рафти тафтишоти пешаки ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки Камолов Н.Т. дар хусуси гузаронидани санҷиши риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» ва аз руи хусумати шахсӣ раиси маҳаллаи деҳаи Офтобрӯя, ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи Файзобод, Давлатов Қ.С.-ро дашномҳои қабеҳ намуда, бо табари хоҷагӣ ба қисмати пушти гардан ва бозуи дасти чапаш зарба зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонии барои ҳаёт хавфнок расонидаааст.

     Минбаъд, дар натиҷаи эроди ҳамсараш Камолов Н.Т. аз идомаи амалҳои ҷиноятии худ даст кашида, дар натиҷаи сари вақт аз ҷониби сокинони деҳа ба беморхона дастрас намудани Давлатов Қ.С. ва расонидани ёрии тиббӣ номбурда аз марг наҷот дода шудааст.

     Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022 Камолов Н.Т. бо моддаҳои 32 қисми 3-104 кисми 2 банди «д» КҶ Ҷумҳурии Точикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.      

 

 

          Маркази матбуоти

          Прокуратураи генералӣ