Хабарҳо

Суистифода аз мансаб

 Иноятзода Баҳром аз 6 майи соли 2019 дар вазифаи иҷрокунанда ва минбаъд раиси шаҳри Кӯлоб фаъолият карда, бо сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ ба иҷрои корҳои сохтмонии МИХД шаҳри Кӯлоб ғайриқонунӣ аз ҷониби гуруҳи ашхос аз 13 нафар сокинони шаҳр маблағҳои пулӣ ба сифати пора гирифта, бо роҳи содир кардани ҷиноятҳои азонихудкунӣ даст ба тасарруфи маҳсулотҳои хайриявӣ ва бо роҳи фиреб даст ба тасарруфи амволҳои шаҳрвандон зада, бараъло бо роҳи ҷиноят даромад ба даст овардааст.

  Иноятзода Б. бо маблағҳо ва амволҳои бо роҳи содиркунии ҷиноят ба дастовардааш, бо мақсади рӯйпуш ва пинҳон намудани сарчашмаи ба даст овардани ин молу мулк дар ҷои манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Р.Абдушукурова, хонаи №28 Маркази тиббӣ хусусӣ ба маблағи 2 317 994 сомонӣ бунёд кардааст.

  Ба ғайр аз ин, Иноятзода Б. молу амволҳои ғайриманқул, воқеъ дар сӯроғаҳои кӯчаҳои Н.Қарабоев ва А.Ғуломови ш.Душанбе-ро ба даст оварда, бо мақсади рӯйпуш ва пинҳон намудани сарчашмаи ба даст овардани ин молу мулк, онҳоро ба номи шахсони дигар барасмият даровардааст. Аммо, Иноятзода Б. аз соли 2015 инҷониб дар эъломияҳо оид ба вазъи амволии хизматчии давлатӣ ба ғайр даромадҳои аз маоши давлатӣ ба дастовардааш, дигар манбаъҳои даромад ва амволашро пинҳон доштааст.

  Прокуратураи ш.Кӯлоб 25-уми майи соли 2020 нисбати Иноятзода Б. бо моддаҳои 314 қ.2, 319 к.4, б. «а,в,г», 245 қ.2, б. «а,б,ғ», 247 қ.4, б. «б», 3381 К. 2, б. «в» , 262 қ.З, «б» КҶ ҶТ шаҳрвандон Хурамов Хурсандалӣ Пардаевич бо моддаҳои 36 қ.2-319 қ. 4, б. «а,в,г», 247 қ.2, б. «а,в» КҶ ҶТ Дурбонов Фирӯз Давлатхуҷаевич, бо моддаҳои 36 қ.2-319 қ. 4, б. «а,в,» КҶ ҶТ, Ашурмадов Хуршед Ҳасанович, бо моддаҳои 245 қ.З, б. «а», 323 КҶ ҶТ ва Шамсудинов Муҳаммадӣ Ҳайдарович бо моддаҳои 259 к.2 б. «б» КҶ ҶТ баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ, бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол карда шуд.

  Бо ҳукми суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб аз 20-уми ноябри соли 2020 Иноятзода Б. ва дигар ҳамиштирокчиёнаш дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 314 қисми 2,319 қисми 4 бандҳои “а,в,г”, 245 қисми 2 бандҳои “а,б,г”, 247 қисми 4 банди “б”, 338' қисми 2 банди “в” ва 262 қисми 3 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ӯ бо ин моддаҳо ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 12 сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати 5 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр,бо мусодираи молу амволе, ки ба ҳабс гирифтан таъйн карда шуд.

  Ба Хурамов Х.П. бо моддаҳои 36 қисми 2-319 қисми 4 бандҳои “а,в,г” ва 247 қисми 2, бандҳои “а,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонов Фирӯз Давлатхуҷаевич бо моддаи 36 қисми 2-319 қисми 4 бандҳои “а,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ӯ бо ин моддаҳо ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодй ба мӯҳлати 8 сол бо адои ҷазо дар колониям ислоҳии низомаш пурзӯр таъйин карда шуд.

 Ба Ашурмадов Х.Ҳ. бо моддаҳои 245 қисми 3 банди “а” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ӯ бо ин моддаҳо ҷазои ниҳоӣ ба мӯҳлати 7 сол бо адои ҷазо дар колониям ислоҳии низомаш пурзӯр таъйин карда шуд.

Ба Шамсудинов М.Ҳ. бо моддаи 259 қисми 2 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди дарима ба андозаи 547 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ