Хабарҳо

ҚАСДАН A3 ҲАЁТ МАҲРУМ СОХТАН

 Муминов Александр бо маслиҳати модараш барои нигоҳубини тағояш Холмурадов Темур Тодимурадович 1950 соли таваллудаш, ки бинобар танҳою пиронсолӣ ба парасторӣ ниёз дошт, ба манзили истиқоматии якҳуҷрагиаш дар шаҳри Турсунзода маҳаллаи 2, бинои 101, ҳуҷраи №11 рафта, аз аввали соли март то 6 октябри соли 2020 ба нигоҳубини номбурда машғул гардидааст.

  Дар ин давом 29 апрели соли 2020 Холмурадов Т.Т. бинобар бад будани вазъи саломатиаш манзили истиқоматиашро ба ҷияни дигараш Муминов Семён Джалилович, ки додари угайи Муминов А.У. мебошад ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор дошт, дар идораи нотариалии шаҳри Турсунзода васият намудааст.

 Аз ин васиятнома Муминов А.У. бохабар ва аз рафтори ба андешааш “ноодилона”-и тағояш ба ғазаб омада, дар вуҷудаш қасди куштори тағояш Холмурадов Т.Т. пайдо мешавад.

  Муминов А.У. баҳри амалӣ намудани қасди худ дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматии Холмурадов Т.Т. омада, муноқишаро cap мекунад.

  У бо мақсади куштор аз гулӯи Холмуродов Т.Т. дошта, ба сару рӯйяш бо мушт ва пояи курсии оҳанин зарба зада, сипас бо роҳи буғӣ кардан Холмуродов Т.Т.-ро ба ҳалокат мерасонад.

  Прокуратураи шаҳри Турсунзода аз рӯи ин ҳодиса нисбати Муминов А.У. бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, онро баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол кардааст.

  Бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода Муминов А.У. гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дороӣ низомаш сахт таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ