Хабарҳо

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад:

 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сабти видеоӣ оид ба расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатии кӯдакӣ 4 сола дар шаҳри Турсунзода, ки санаи 5 сентябри соли 2020 дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд, хабар медиҳад, ки дар натиҷаи пешбурди тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки ҷиноятӣ мазкурро Ҳайдарова Одина Абдулҳодиевна 20 октябри соли 1995 таваллудаш ва Мамадҷонов Муҳаммадҷон Абдулҳодиевич 10 ноябри соли 1997 таваллудаш содир намудаанд.

 9 сентябри соли 2020 Ҳайдарова О.А. ва Мамадҷонов М.А. аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир ва вориди тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе карда шуданд.

 Тафтишоти пешакӣ бо парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.  

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ