Хабарҳо

АЗОНИХУДКУНИИ МАБЛАҒҲО

   Ашуров Шуҳратҷон Мирзокаримович  дар вазифаи  сармуҳосиби Маркази стоматологии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон фаъолият намуда, ҳамчун шахси мансабдор ва ҷавобгари моддӣ ба ҳисоб рафта, аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи апрели соли 2020вазифаи хазинадорро иловатан иҷро карда, дар моҳи сентябри соли 2018 ҳаррӯза маблағи ба хазина аз ҳисоби пардохти маблағҳои барои хизматрасонии тиббӣ аз мизоҷон воридшударо қабул карда, аз он як миқдорашро ба суратҳисоби бонкии Маркази зикршуда ворид карда, маблағҳои боқимондаро азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст. Ӯ бо ин амалҳои худ 218248 сомонии ба хазина воридшударо азонихуд намуда, ба Марказ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

 Прокурори вилояти Хатлон нисбати Ашуров Ш.М. бо моддаи 245 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, бо анҷоми тафтишот ба суд ирсол намудааст.

  Бо ҳукми суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз 03 августи соли 2020 нисбати Ашуров Ш.М. ҷазои маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати 9 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр ва ба мӯҳлати 3 сол маҳрум намудан аз фаъолияти муҳосибӣ татбиқ карда шуда, инчунин аризаи даъвогии прокурори вилоят оиди рӯёнидани зарар ба андозаи 218248 сомонӣ аз ҷониби судшаванда ба манфиати Маркази стоматологияи ноҳияи Ёвон пурра қонеъ карда шуд.

 

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ