Хабарҳо

ҚАЛЛОБ БА МАҲБАС КАШИДА ШУД

 Якубов Исломидцин Пардаевич дар асоси шартномаи шифоҳӣ заминҳои кооперативе истеҳсолии «Нуриддин Абдукарим»-и шаҳри Бохтарро аз роҳбари он Яров Бароталӣ Сафарович ба иҷора гирифта, моҳи апрели соли 2018 дидаю дониста, ки ваколати ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигиро надорад, аз фурӯшандаи нуриҳои менералии бозори ҶДММ «Ҳоҷӣ-Шариф»-и шаҳри Бохтар Абдушаидов Нуралӣ Исматович 310 халта нурии менералии навъи «Карбамид»-ро ба маблағи 71 ҳазор сомонӣ гирифта, бидуни ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда, масоҳати 0,05 га қитъаи заминро барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо намуда, ба охирон додааст.

 Прокурори шаҳри Бохтар нисбати Кенҷаев Д.М. бо моддаҳои 247 қисми 3 банди «а» ва 3381 қисми 2 бандҳои «а,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ ва ғайриқонунӣ до дани қитъаи замин) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, пас аз анҷоми пешбурди тафтишот ба суд ирсол карда шудааст.

   Бо ҳукми суди шахри Бохтар Кенҷаев Д.М. гунаҳгор дониста шуда, ҷазо дар намуди ҷарима таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ