Хабарҳо

ҒАЙРИҚОНУНӢ ДОДАНИ ҚИТЪАИ ЗАМИН

 Кенҷаев Дилшод Маҳмадраҷабович аз 1 феврали соли 2017 то 2 январи соли 2018 ҳамчун мутахассиси Кумитаи идораи замини шаҳри Бохтар фаъолият карда, дар ин давра бо суйистифодаи мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд Қодиров Абдуқаҳор Набиевич, сокини маҳаллаи Гулистони шаҳри Бохтар даромада, дидаю дониста, ки ваколати ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигиро надорад, барои замини ёрирасони шахсии (Президентӣ) падараш Қодиров Набиҷон Маҳмадовичро ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ додан, маблағи 20 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифта, ба манифати шахсиаш истифода бурда, бо ин роҳ ба номбурда зарари калони моддӣ расонидааст.

 Прокурори шаҳри Бохтар нисбати Кенҷаев Д.М. бо моддаҳои 247 қисми 3 банди «а» ва 3381 қисми 2 бандҳои «а,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ ва ғайриқонунӣ до дани қитъаи замин) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, пас аз анҷоми пешбурди тафтишот ба суд ирсол карда шудааст.

   Бо ҳукми суди шахри Бохтар Кенҷаев Д.М. гунаҳгор дониста шуда, ҷазо дар намуди ҷарима таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ