Хабарҳо

БОВАРӢ БА ҚАЛЛОБ

 Ҳайдаров Р.А. дар вазифаи директори ҶДММ «Аҷам-Авиа» дар шаҳри Бустони вилояти Суғд фаъолият намуда, бо мақсади ба даст овардани молу мулки тайр, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ, инчунин муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ба боварии шахсони масъули ширкати ҳавопаймоии «Тобой Эйрлайн»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон даромада, дар се ҳолат ҷамъ маблағи 1.003.750 доллари ИМ А аз ширкати номбурда гирифта, ин маблағро ба эҳтиҷоти худ хароҷот намуда, дар натиҷа ба ширкати мазкур муҳаррики ҳавопаймои тамғаи «Боинг 757-200»-ро пешниҳод накарда, бо ҳамин маблағ ба ширкати мазкур дар намояндагии ҶСП «Нахустлизинг»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари махсусан калони моддӣ расонид.

  Бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳайдаров Р.А. дар содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 247 қисми 4 банди «б» ва 286 қисми 3 бандҳои «б,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

 Далели шайъӣ як адад автомашинаи тамғаи «BMW» арзишаш 16 ҳазор доллари ИМА ва аз ҳисоби Ҳайдаров Р.А. маблағи 987.750 доллари ИМА ба фоидаи ширкати ҳавопаймоии «Тобон Эйрлайн» рӯёнида шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ