Хабарҳо

ТАНЗИМ БАРАКИ ЗИНДАГӢ

  Имамов Эркин Жалилович, сокини шаҳри Турсунзода  бархилофи талаботи моддаи 9 қисми 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки тибқи он маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, муйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда мешавад, амал намуда, 27 январи соли 2019 соати 18 30 то 19 30 муйсаргирони духтари хурдсолаш  Имомова Марҳабо, санаи таваллудаш 12 марти соли 2018 дар ҳайати 25 нафар бо даъвати хешу таборон ва ҳамсоягон гузаронидааст.

 30 январи соли 2019 аз тарафи прокурори шаҳри Турсунзода, нисбати Имамов Э.Ж. бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣоғоз карда шуда, барои баррасӣба суди  ирсол карда шуд.

Бо қарори суди шаҳри Турсунзода аз моҳи феврали соли ҷорӣ нисбати Имамов Эркин Жалилович  бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонба андозаи 5500 сомонӣ ҷаримаба фоидаи давлат  муқаррар  карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ