Хабарҳо

ТАБЛИҒГАРИ «ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ» СУД ШУД

 Султонов Ҷурабек Абдураҳимович, соли таваллуд 1996, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода, аз соли 2014 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар карда, ҳангоми дар онҷо қарор доштанаш аз моҳи июн то моҳи октябри соли 2018 тавассути барномаҳои иҷтимоии интернетии «Телеграмм» ва “Вотсап” ба ғояҳои ташкилоти террористӣ-экстремистии ба ном «Давлати исломӣ» шинос шуда, онро қабул ва ҷонибдорӣ карда, бо дастури аъзоёни ин гурӯҳи ҷиноятпеша мақсади ба Ҷумҳурии Арабии Сурия сафар кардан ва дар амалиётҳои ҷангӣ дар сафи гурӯҳи террористӣ иштирок намуданро кардааст. 

  Бо ҳамин мақсад Султонов Ҷ.А. тахминан охирҳои моҳи ноябри соли 2018 аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо роҳбаладии аъзои ташкилоти экстремистй-террористии мазкур бо номи «Абузар» ба шаҳри Киеви Ҷумҳурии Украина рафта, аз онҷо 1 декабри соли 2018 тавассути ҳавопаймо ба шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия парвоз намуда, ҳангоми убури сарҳади давлатии Ҷумҳурии Арабии Сурия аз ҷониби сарҳадбонони Ҷумҳурии Туркия дасгир карда ва минбаъд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса нисбати Султонов Ҷ.А. бо моддаҳои 32 қисми 3-4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо анҷоми тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода аз 23 январи соли 2019 Султонов Ҷ.А. дар содир намудани ҷиноятӣ зикргардида, гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт маҳрум карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ