Хабарҳо

ДАР НАЗДИ ҚОНУН ҲАМА БАРОБАРАНД…

  20 июни соли 2018, тахминан соати 20:45 дақиқа бозраси ротаи хадамоти роҳбонии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон прапоршики милитсия Қурбонов Ғайратҷон Мирзоҳиматович дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳолати мастй, автомашинаи бародараш Шарипов Одилҷон Давронович тамғаи “Тайота MR-2” бе ҳуқуқи идора кардан бо рақами қайди давлатии муваққатии В 45-86 С07 идора намудааст.

  Ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ҳисор ба шаҳри Душанбе бо суръати баланд дар маҳалли аҳолинишини деҳаи Ҷавонони деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Азизов Шавкат Шамсиевичро пахш намуда, дар натиҷаи садама охирон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар вақти интиқол ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст. 

  Аз рӯи ин ҳолат нисбати Қурбонов Ғайратҷон Мирзоҳиматович бо моддаи 212 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо анҷоми амалҳои тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.     

  21 декабри соли 2018 бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ Қурбонов Ғ.М. дар содир намудани ҷиноят пурра гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 сол ва ҷазои иловагии маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи нақлиёт ба муҳлати 10 сол таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ