Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ оиди натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ дар соли 2018

 10 январи соли 2019 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ оиди натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ дар соли 2018 ва муайян кардани вазифаҳои минбаъда дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

  Дар ҷамъбасти фаъолияти мақомоти прокуратура мушовири бахши Ёрдамчии Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Сироҷзода С. ширкат варзид.

  Дар ҷаласа Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- полковники адлия Юсуф Аҳмадзод Раҳмон фаъолияти мақомотро ҷамъбаст намуда, дар назди кормандон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018 зикр гардида буданд, вазифаҳои мушаххас гузошт.

   Ҳамзамон ҳисоботи сардорони раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералй, прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо шунида шуд.

  Бо қарори ҳайати мушовара дар назди Раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералй, прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати минбаъд ҳам пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.


Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ