Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Қаллоб ҷазо гирифт

 Бобохонов Ҷурабек Абдуқаҳорович, 29 августа соли 1987 соли таваллудаш, зодаи ноҳияи Данғара, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, оиладор, сохиби ду фарзанд, муввақатан бекор, қаблан бо ҳукмҳои суди 3 маротиба маҳкум карда шуда аз ин ба худ хулосаи зарурӣ набароварда боз даст ба содир намудани ҷиноят задааст.

  Чунончӣ, у моҳи августа соли 2017 бо ҳамроҳии падараш Бобохонов Абдуқаҳор, ки соҳибкор мебошад ба шаҳри Ҳисор омада, аз мағозаи Холиқов Ҷамолиддин 50 халта ордро насия гирифта, дар муддати 10 рӯз маблағи пулиро баргардонида доданд. Баъди ин ӯ худаш танҳо ба назди мағозаи соҳибкор Холиқов Ҷамолиддин омада аз охирин 25 халта ордро гирифта ба Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон равон карда, маблағҳои ордро баргардонида натавонистааст. Ӯ ба назди Холиқов Ҷамолиддин омада хоҳиш кардааст, ки барои дуруст намудани ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиаш маблағ диҳад ва ӯ ҳамаи қарзҳояшро бармегардонад. Ҳамин тариқ, ӯ дар аввал аз Холиқов Ҷамолиддин 4000 сомонӣ гирифта будааст, баьдан якчанд маротибаи дигар рафта, бо баҳонаи дуруст кардани ҳуҷҷатҳои хона мабалги пули ба миқдори 3000, 4000, 5000, 10000 сомонӣ гирифта, ваъда медодааст, ки манзили истикоматиро фурухта, мабалғҳояшро бармегардонад. Дар умум ӯ аз Холиқов Ҷамолиддин 669450 сомониро гирифта, то имрӯз пардохт карда натавонистааст.

Нисбати Бобохонов Ҷурабек Абдуқаҳорович бо моддаи 247 кисми 4 банди «б» Кодскси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ огоз карда шуда баъди ба итмом расидани тафтишй пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор Бобохонов Ҷурабек Абдуқаҳорович бо моддаи 247 кисми 4 банди «б» Кодскси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ба мӯҳлати 9 (нуҳ) сол аз озоди маҳруми дар колонияи ислохии низомашон пурзӯр, бо маҳрум кардан аз ҳукуқи машгул шудан ба фаьолияти сохибкорӣ ва фаъолияти пулию моли дошта ба мӯҳлати 5 (панҷ) сол ҷазо таъйин карда шуд.


Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ