Хабарҳо

Оқибати иштирок дар ташкилоти экстремистӣ

 Муҳаммадиев Фарҳод Туйчиевич санаи таваллудаш 4 марта соли 1995, зодаи шаҳри Душанбе, тахминан моҳи марта соли 2017 бо истифода аз телефони мобилии тамғаи «SamsungNote» дар сомонаи интернетии «Одноклассники», суроғаи электронии худро бо номи мустаори «Ахы Брат Бародар» таьсис дода, ҷиҳати аз мақсаду мароми иттиҳодияи экстремистии равняй динии «Салафия» хабардор шудан ва ба фаъолияти ин иттиҳодия бо истифода аз шабакаи интернетии «Одноклассники» мусоидат намудан, ба гуруҳҳои «Суннат» ва «Аҳли Суннат ва ҷамоат», ки дар онҳо фаъолияти иттиҳҳодияи зикршуда ҳамаруза тарғибу ташвиқ карда мешавад, аъзо шуда, амал намудааст.

  Аз ҷумла, Муҳаммадиев Ф.Т. тахминан аз моҳи марта соли 2017 то лаҳзаи дастгир шуданаш бо мақсади мусоидат ба таъмини иштирокаш дар фаъолияти иттиҳодияи экстремистии равняи динии «Салафия» ва тарғибу ташвиқ намудани ақидаи ин иттиҳҳодия дар суроғаи электронии худ бо номи мустаори «Ахы Брат Бародар» дар сомонаи интернетии «Одноклассники» зиёда аз 352 адад навиштаҷотҳои ташкилкунандагони иттиҳодияи экстремистии равняй динии «Салафия» бо номҳои “Муҳаммад ибни Абдулваҳоб”, "Шайх Ибни Таймия”, "Ибни Усаймин”, "Шайх Албонӣ”, "Шайх Муҳаммад аш-Шавқонӣ”, "Абдулазиз ибни Боз”, "Солеҳ ал-Фаузан” ва “Солеҳ ал-Шайх”-ро ба шумораи зиёди истифодабарандагони ин сомона паҳн намудааст.

7 декабри соли 2017 ҳангоми азназаргузаронии суроғаи электронии Муҳаммадиев Ф.Т. бо номи мустаори «Ахы Брат Бародар» дар сомонаи интернетии «Одноклассники» навиштаҷотҳои паҳнкардаи ӯ дар ҳаҷми 40 саҳифа ёфта гирифта шуд.

Вобаста ба ин ҳолат, нисбати Муҳаммадиев Ф.Т. аз рӯи аломати моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ, яъне барои ташкили фаъолияти ташкилоти экстремиста (ифротгароӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, минбаъд номбурда бо ҳукми суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе барои содир намудани ин ҷиноят маҳкум гардида, нисбати ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол таъин карда шуд.

 

     Маркази матбуоти

     Прокуратураи генералӣ