Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТИИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ ОИД БА НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2018

    17 июли соли 2018 дар Прокуратурам генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти прокуратура дар нимсолаи аввали соли 2018 баргузор гардид.

     Қаӣд карда шуд, ки мақомоти прокуратура дар ин давра ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин мубориза бо ҷинояткорӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.

     Диққати асосӣ ба иҷрои дастури супоришҳои Пешвои миллат, ки зимни мулоқоти корӣ бо кормандони мақомоти прокуратура 13.03.2018 сол баён дошта буданд, инчунин дастуру супоришҳои аз Паёми Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва қарори Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, баҳри иҷрои онҳо нақша чорабиниҳои дахлдор таҳия ва қабул гардиданд.

      Қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ ҳамарӯза дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ шуда, 9450 нафар шаҳрвандон қабул ва 6480 муроҷиатҳои хаттии онҳо баррасӣ гардида, 1185 адад ва ё 18,3 фоизаш қонеъ карда шудааст.

     Яке аз самтҳои муҳими назорати прокурорӣ назорати умумӣ буда, дар ин давра бо мақсади муаӣян намудани вазъи иҷро ва риояи қонунҳо 3183 маротиба санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷа 35104 қонунваӣронкуниҳо ошкор ва баҳри бартараф намудани онҳо чораандешӣ карда шуданд.

     Бо ин мақсад унвонии роҳбарони мақомоти давлатӣ, ташкилоту корхона, соҳибкорон ва шаҳрвандон 6022 амр, 3007 пешниҳод ва 4225 эътироз оварда, дар асоси қарорҳои прокуророн 8046 нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ кашида шуда, 13804 парвандаи ҳуқуқваӣронкунии маъмурӣ ва 1803 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

      Дар ин давра ба таъмини амнияти иқтисодӣ ва барқарор намудани зарарҳои молиявӣ диққати хоса дода шуда, бо дахолати прокуророн 348 млн сомонӣ зарар барқарор карда шуд, ки он нисбати ҳамин давраи соли гузашта - 48 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҷиҳати таъмини риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ҳолатҳои зиёди муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ошкор ва нисбати шахсони гунаҳгор 120 парвандаи ҳуқуқваӣронкунии маъмурӣ ва 65 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Баҳри рӯёнидани қарзҳо ба судҳои иқтисодӣ 11 даъво ба маблағи 31,8 млн. сомонӣ пешниҳод гардид.

      Дар самти назорати иҷрои қонунгузории андоз тадбирҳои муассир андешида, 154,5 млн сомонӣ қарзи андоз барқарор ва ба судҳо 45 аризаи даъвогӣ оиди рӯёнидани 19,6 млн. сомонӣ бақияпулиҳои қарзи андоз пешниҳод карда шуд.

       Дар самти иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук бо мақсади бартараф намудани қонунваӣронкуниҳо 657 санадҳои эътиноӣ қабул карда шуда, 1458 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ, интизомӣ ва моддӣ кашида шуда, 49 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 5,2 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукию дигар зарарҳо барқарор карда шудааст.

       Ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳо вобаста ба риояи қонунгузории замин дар ин самт 1554 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ ва 2383 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуда, 716 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 6896 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.           

       Ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамеша дар мадди назорат қарор дошта прокуророн 214   нафарро ба ҷавобгарии интизомӣ кашида, нисбати 211 нафар парвандаҳои хуқуқваӣронкунии маъмурӣ оғоз ва ба судҳо ирсол намуданд.

       Дар рафти назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 1962 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида, 124 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ҷиҳати ба аҳолӣ фаҳмонидани мазмуну мӯҳтавои он 540 сӯҳбату вохӯриҳо баргузор карда шуд.

        Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 12 482 ҷиноят ба қаӣд гирифта шудааст, ки 4008 адад аз ҷониби мақомоти прокуратура ошкор карда шудааст.

        Муфаттишони прокуратура тафтиши 2218 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида, 2074 парвандаро ба суд фиристониданд.

        Бо мақсади таъмини адолати судӣ прокуророн дар баррасии 8364 парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурӣ иштирок намуда, ба санадҳои судӣ 308 эътироз оварда, ҷиҳати руёнидани товони зарар 514 даъво ба маблағи умумии 161,7 млн. сомонӣ ба судҳо пешниҳод кардаанд.

      Вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, аҳамияти Исқтиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва дигар мавзӯҳо дар баӣни аҳолӣ ва коллективҳои меҳнатии вазорату идораҳо, инчунин муассисаву ташкилотҳо 6985 вохӯрию суҳбатҳо гузаронида, тавассути воситаҳои ахбори омма 1639 маротиба баромадҳо баргузор карда шуданд.

 

       Маркази матбуоти

       Прокуратураи генералӣ