Хабарҳо

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2018

    Имрӯз 13 июли соли  2018  дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  гардид.   Дар кори Шӯро аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва сардорони раёсатҳои дахлдори дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Хадамоти  гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сардорони Раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ,  прокуророни ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон ва  прокуророни шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

  Дар ҷаласаи Шӯро  ҳолати иҷро ва риояи талаботи  “Тартиби пешбурди баҳисобгирӣ, қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содирнамуда”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №676 аз 22.12 соли 2009 тасдиқ карда шудааст, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар давоми солҳои 2016-2017” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Доир ба ин масъала ахбороти кормандони масъули Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомотҳои  марбута шунида шуда, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ва  вазъи риояи қонун дар ин самт баҳогузорӣ карда шуд.

     Бо қарори Шӯро дар назди масъулини  вазорату идораҳои номбурда ҷиҳати таъмини риояи қатъии қонунгузорӣ ҳангоми бақайдгирии ҷиноятҳо, сари вақт пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар  ин самт вазифаҳои мушаххас гузошта  шуданд.

    Ҳамзамон дар имрӯз ҷаласаи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2018 ва муайян кардани вазифаҳои минбаъда дар таҳкими қонуният,  тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ,   мавриди  баррасӣ  қарор дода шуд.

     Дар ҷамъбасти фаъолияти мақомоти прокуратура Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода М.М. ширкат варзид.

Дар ҷаласа Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- полковники адлия Юсуф Аҳмадзод Раҳмон фаъолияти мақомотро ҷамъбаст  намуда,  дар назди кормандон оид  ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  зимни мулоқоти корӣ бо кормандони мақомоти прокуратура вогузор шуда буданд, вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ҳамзамон ҳисоботи сардорони раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо шунида шуд.  

Бо қарори ҳайати мушовара дар назди Раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати минбаъд  ҳам  пурзӯр  намудани  назорати прокурорӣ дар соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ