Хабарҳо

Маҳкумшавии гуруҳи муташакили қотилон

    Абдиев С.Х. давоми солҳои 2008-2016 дар шаҳри Южно-Сахалински вилояти Сахалини Федератсияи Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, бо Эргашев А.Д., Муродбекзода П. ва Маъруфзода Р.Х. шинос шуда, муносибати наздик пайдо карда, робитаи  мустаҳками дустӣ пайдо кардаанд.

Тахминан моҳҳои сентябр-октябри соли 2016 Абдиев С.Х., Эргашев А.Д., Муродбекзода П. ва Маъруфзода Р.Х. аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ихроҷкарда шудаанд.

  Абдиев С.Х. баъди ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданаш, дар ботини худ нияти нопок ва ғаразноки ғайриқонунӣ бо мақсади ба даст даровардани фоидаи муфти молу мулкиро бо роҳи тасарруфи ниҳонӣва ҳуҷум кардан ба шаҳрвандон пайдо кард.

Ӯбаҳри амалӣ кардани ин нияти ҷинояткоронаи худ аввалҳои соли 2017 дар манзили иҷоравиаш, воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ, кӯчаи Бухоро, бинои 27, ҳуҷраи № 113, Эргашев А.Д., Меҳбулоев Ҷ.З., Абдуллоев Ш.Ҷ., Муродбекзода П. ва Наврузов Х.А.-ро ҷамъ оварда, аз мақсади худ номбурдагонро маълумотдор карда, онҳоро баҳри содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин муттаҳид сохта, гурӯҳи муташаккил созмон дода, роҳбарии онро ба ӯҳда гирифт.

Сипас Абдиев С.Х. ҳамчун роҳбари гурӯҳи муташаккил барои содир кардани ҷиноятҳои мазкур олоту восита, аз қабили ниқобҳо, дастпушакҳо, мехкашак, ду адад қубурҳои оҳанин, лентаи часпанда, либосу пойафзолҳоро пешакӣ тайёр карда, нақшҳо ва вазифаҳоро дар байни иштирокчиёни гурӯҳ тақсим намуд. Меҳбулоев Ҷ.З., Абдуллоев Ш.Ҷ., Эргашев А.Д., Наврузов Х.А. ва Муродбекзода П. қасдан, дидаю дониста, бо мақсади ғаразнок, ба ин гурӯҳи муташаккил шомил шуда, нақш ва вазифаҳои аз тарафи роҳбари гурӯҳ гузошташударо дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин устуворона иҷро кардаанд.

Тахминан аввалҳои моҳи октябри соли 2017 аъзоёни гурӯҳи муташаккил Наврузов Х.А. ва Муродбекзода П. ба Абдиев С.Х. хабар доданд, ки соҳибкорзан Негматуллоева И. маблағҳои калони пулиро ҷамъ оварда, 21 октябри соли 2017 барои овардани матоъҳо ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар менамояд.

Пас аз гирифтани маълумоти мазкур 17-уми октябри соли 2017 Абдиев С.Х., Эргашев А.Д., Абдуллоев Ш.Ҷ. ва Меҳбулоев Ҷ.З. дар ҳайати гурӯҳи муташаккил, аз рӯи нақшаи тарҳрезӣкардаашон бо худ як адад мехкашаки оҳанин ва ду адад қубурҳои оҳанини пешакӣ махсус тайёр кардаашонро дар дохили ду адад борхалтаҳои варзишӣ гирифта, ба шаҳри Хуҷанд ҳозир шуда, дар меҳмонхонаи “Эҳсон” дар ҳуҷра № 126а  ҷойгиршуда, барои содир кардани ҷиноят омодагӣ гирифтаанд.

Тахминан соати 23:30 дақиқаи ҳамон шаб онҳо ду адад қубурҳои оҳанин, як адад мехкашакро гирифта, ба руяшон ниқоб ва ба дастонашон дастпушакро пӯшида ба воситаи девор ба манзили истиқоматии Негматуллоева И., воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафуров, Ҷамоати деҳоти Унҷӣ, кӯчаи Деҳқон, ҳавлии № 13 ғайриқонунӣ ворид шуда, аз он ҷой ба ҳуҷраи хоби онҳо даромада, ба Негматуллоева И. ва Муҳамадҷонов М.М., ки дар ҳолати хоб қарор доштанд, бо қубурҳои оҳанини дар дасташон буда, қасдан бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан, дидаю дониста, ки онҳо дар ҳолати оҷизӣ қарор доранд, ба узвҳои ҳаётан муҳим, яъне ба сару рӯй ва гардан, бо бераҳмии махсус якчанд зарбаҳои сахт зада, онҳоро ба қатл расонидаанд.

Пас аз ин, онҳо маблағи 75000 доллари ИМА, 59000 сомонӣ ва телефони мобилии тамғаи “Самсунг Галакси-ҶЗ”-ро бо арзиши 1020 сомонӣ тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

    Бар замми ин, аз ҷониби ин гурӯҳи муташаккил дар давраи аз 15 сентябри соли 2017 то 24 январи соли 2018 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Восеъ ва Рудакӣ боз 8 ҷинояти вобаста ба дуздии молу мулки ғайр ва роҳзанӣба микдори махсусан калон содир карда шудааст.

Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣаз 17 майи соли 2018 судшавандагон Абдиев С.Х., Абдуллоев Ш.Ҷ., Меҳбуллоев Ҷ.З., бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “а, в, е, з, и” (барои одамкушӣ бо бераҳмии махсус), 249 қисми 4 банди «б» ( барои роҳзанӣ), 32 қисми 3-244 қисми 4 банди “в” (барои дуздӣ), 244 қисми 4 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Эргашев А.Д., бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “а, в, е, з, и”, 249 қисми 4 банди «б», 244 қисми 4 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродбекзода П. бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “а, в, е, з, и”, 249 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Имомов А.Қ. бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои “б, в, г”, моддаи 249 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъруфзода Р.Х. бо моддаҳои 244 қисми 4 банди “б” ва 347 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои одамкушӣ, роҳзанӣ ва дуздӣ) гунаҳгор дониста шуда, аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазои ниҳоӣ ба Абдиев С.Х., Абдуллоев Ш.Ҷ., МеҳбуллоевҶ.З., Эргашев А.Д. 30 сол маҳрум сохтан аз озодӣ, ба Муродбекзода П. 25 сол маҳрум сохтан аз озодӣ, ба Имомов А.Қ. 17 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низоми сахт, таъин гардид.

     Ба судшаванда Маъруфзода Р.Х. бо моддаҳои 244 қисми 4 банди “б” ва 347 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ниҳоӣ 10 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низоми пурзӯр, таъин гардид.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ