Хабарҳо

Вохури Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Имрӯз -11 апрели соли 2018 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ватанзода М.М. ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Ю.А. дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи тасдиқгардида бо кормандони ин идора мулоқот намуданд.

Мулоқоти имрӯза дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 13 марти соли 2018 дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти прокуратура дода шуда буд, доир гардид.

Сараввал Ёрдамчии Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқй Ватанзода М.М. вобаста ба ҷой доштани камбудиву қонунвайронкуниҳо дар фаъолияти идораи мазкур ва эродҳои Сарвари давлат нисбат ба кори онҳо баромад намуд.

Минбаъд Прокурори генералӣ Раҳмон Ю.А. низ, вобаста ба суханронии Пешвои миллат бо кормандони макомоти прокуратура баромад намуд.

Дар охир аз онҳо талаб карда шуд, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тамоми чораҳои дахлдорро андешида, риояи қонунгузории заминро ба таври дахлдор ба роҳ монанд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ