Хабарҳо

ОҚИБАТИ ПАЙВАСТАН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТИ ҒАЙРИҚОНУНӢ

 Сафоев И.А. моҳи октябри соли 2016 бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия рафта ҳангоми дар муҳоҷират қарор доштанаш ба телефони мобилии худ ба барномаи интернетии «ZELLO» ба гуруҳи дар ин барнома мавҷудбуда бо номи «Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ» пайваст шуда, суҳбатҳои дар гурӯҳ мегузаронидаи аъзоёни иттиҳоди террористии бо ном «Давлати Исломӣ»-ро гуш карда онҳоро ҷонибдорӣ менамояд.

 10  апрели соли 2017  номбурда бо даьвату маблағгузории «Алишер» ном шахси ба тафтишот номаълум бо мақсади ғайриқонунӣ дар воҳидҳои мусаллаҳи иттиҳоди террористии бо ном «Давлати Исломӣ» пайваст шудан ва дар задухурдҳои мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Сурия иштирок намудан тавассути хатсайри Москва-Алма-ато-Истамбул ба шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия парвоз мекунад.

Сафоев И.А-ро дар ин шаҳр бародари «Алишер» бо номи «Зафар» қабул намуда, дар манзили истиқоматиаш ҷой намуда, ваъда медиҳад, ки бо пайдо шудани имконият барои убур кардани сарҳади давлатии Туркия ва Ҷумҳурии Сурияи Араб мусоидат менамояд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ин кирдори Сафоев И.А. хабардор гардида, номбурдаро дастгир намуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардониданд.

  Бо ҳукми судӣ ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе аз 10 январи соли 2018  Сафоев И.А. бо моддаи 32 қисми 3-4011 Кодекси чиноятӣ, яъне барои сӯиқасди иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо  гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ  ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 солу 6 моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои  низомаш сахт таъин карда шуд.

Ба ҳамин монанд шаҳрвандон Шарипов М.Р. ва Зокиров Қ.Н. низ, бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 11 январи соли 2018 бо моддаи дар  боло овардашуда  гунаҳкор дониста шуда, ба онҳо ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 13 солӣ  бо нигоҳ  доштан дар колонияи ислоҳии низомаш сахт, таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ