Хабарҳо

Нурализода А.Ш. МАҲКУМ ГАРДИД.

   Дар  суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  парвандаи ҷиноятӣ нисбатиНурализода  А.Ш.  бо  моддаи 319 қисми 4 бандҳои “а,в,г”Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ гардид. Нурализода А.Ш. барои он айбдор дониста шудааст, ки ӯ дар вазифаи муовини сардори Сарраёсат-сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатӣ сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда,...

 барои дохил намудани лоиҳаи сохтмони гармхона дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ба барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2016-2020 аз шаҳрванд Олимов Д. моҳи январи соли 2015 ба маблағи 4000 доллари ИМА ва 5107 сомонӣ, аз шаҳрванд Сангинов Ш. моҳи июни соли 2017 барои дохил намудани лоиҳаи бунёди боғ ба маблағи 20.000 сомонӣ гирифтааст.

Ғайр аз ин, ӯ кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, барои дохил намудани лоиҳаи  ташкил ва рушди соҳаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ба барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2016-2020 аз шаҳрванд Абдураҳимов Н.Н. дар давоми солҳои 2014-2017 дар якчанд ҳолат маблағи 513.000 доллари ИМА ва 32000 сомонӣ гирифтааст.

28 сентябри соли 2017 ҳангоми азшаҳрванд Абдураҳимов Н.Н. гирифтани  маблағи  490.000 доллари ИМА дар назди тарабхонаи “Афсона” воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Шамсӣ аз ҷониби кормандони  АНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир гардида, маблағи 490.000 доллари ИМА аз ӯ дарёфт карда гирифта шудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 10 январи соли 2018 Нурализода А.Ш. бо моддаи дар боло дарҷгардида гунаҳкор  дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дороӣ низоми пурзӯр бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба муҳлати 5 сол таъин гардид.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ