Хабарҳо

Дусанов У.Т. МАҲКУМ ГАРДИД

Дар суди ноҳияи Хуросон парвандаи ҷиноятӣ нисбати Дусанов Улуғбек Тошпулодович бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси  ҷиноятӣ  баррасӣ  гардид. Номбурдабарои он айбдор дониста шуд, ки ӯ бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум намудани собқ  ҳамсараш  Аннақулова Раҳима Норбоевна санаи таваллудаш 27 июли соли 1964 истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ, деҳаи Деҳқонобод 29 июли соли 2017 тахминан  соати 900 дақиқа ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42 воқеъ дар 

ноҳияи Хуросон, деҳаи Ҳосилот омада, ба утоқи кории директори муассиса даромада, ҳамсараш Аннақулова Раҳимаро бо корди дар дасташ буда  чор  маротиба ба қисми қафаси сина, шикам ва пушташ  задааст, ки номбурда аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш  дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бо  ҳукми  суди ноҳияи  Хуросон  аз  4 октябри соли 2017 Дусанов У.Т. бо моддаи дар боло қайдгардидагунаҳкор дониста шуда,ба муҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ