Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ машғулияти семинарӣ

 20 октябри  соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи Прокуратураи генералӣ бо ҷалби мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ-криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Экспертизаи судӣ-криминалистӣ ва намудҳои  он” машғулияти  семинарӣ  баргузор  гардид.

Қайд гардид,ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Раёсатҳои  соҳавӣ, Маркази Ҷумҳуриявии экспертизаи  судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолият мекунад, ки он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази асосии илмию методӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи судӣ мебошад.

Экспертизаи судӣ барои ошкор намудани ҷиноят нақши муҳимро дорост ва баҳри сари вақт пурра фош намудани ҷиноят, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани ашхоси дар ҳақиқат гунаҳкор яке аз омилҳои муҳими мустаҳкам намудани қонуният, таъмини тартиботи ҳқуқӣ, муҳофизати манфиатҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Дар раванди мубориза мақомоти махсуси ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеа алайҳи ҷинояткорӣ эҳтиёҷ ба ёрии илму фан, касбҳои махсус ва техника пайдо мешавад.

Маркази Ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Карору амрҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазири  адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ мегардонад.

Бо назардошти аҳамияти донишҳои махсус дар рушди ҷомеа ва давлат, инчунин тақвияти минбаъдаи адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал фаъолияти экспертизаи судӣ  заминаи устувори қонунгузорӣ пайдо кард.

Санаи 25 июли соли 2005 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонун  «Дар бораи экспертизаи давлатии  судӣ» қувваи амалӣ пайдо кард, ки асосҳои ҳуқуқӣ  ва вазифаҳои асоси фаъолияти экспертизаи давлатии судиро татбиқ менамояд.

Дар хотимаи машғулият вобаста ба мавзӯи матраҳшаванда музокираҳо доир гардиданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ