Хабарҳо

Раҳимов Ҳ., Садриддинов О.Б., Шарофутдинов О.Х., Убайдов И. ва Мирзоев С. МАҲКУМ ГАРДИДАНД.

 Дар суди ноҳияи Рӯдакӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати Раҳимов Ҳ. бо моддаҳои 319 қ.4 бандҳои «а, б, в, г», 3381 қ. 2 бандҳои «а, б, в», 247 қ. 4 банди «б», 340 қ. 2 бандҳои «а, б, в», 314 қ.1, 245 қ. 4 банди «б», Садриддинов О.Б. бо моддаҳои 36 қ. 5-319 қ. 4 бандҳои «а, б, в, г», 3381 қ. 2   бандҳои «а, б, в», 247 қ. 4 банди «б», 340 қ. 2 бандҳои «а, б, в», 245 қ. 4 банди «б»,  Шарофутдинов О. Х. бо моддаҳои 319 қ. 4 бандҳои «а, в, г», 3381 қ. 2 бандҳои «б, в», 32 қ. 3-3381 қ. 2 бандҳои «а, б, в», Убайдов И. бо моддаи 3381 қ. 2 бандҳои «а, б» ва Мирзоев С. бо моддаи 245 қ. 4 банди «б» Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ  гардид.

Номбурдагон барои он айбдор дониста шудаанд, ки Раҳимов Ҳ. дар асоси  фармони вазири  кишоварзии Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 01.12.1995 сол дар вазифаи директори Муассисаи давлатии  стансияи давлатии озмоиши  мошинаҳои Тоҷикистон  фаъолият  намуда, шахси  мансабдор  ба ҳисоб  рафта,  бо  истифодаи мақоми  хизматӣ  бо маслиҳати пешакӣ бо Садриддинов О. Б., Убайдов И. ва  дигарон,  бо  мақсади  ба  даст  овардани  фоидаи  муфт  дар 73 ҳолат бо роҳи тамаъҷуӣаз шаҳрвандон маблағи аз 400 то 15.000 доллари ИМА, ҷамъ ба маблағи 245.500 доллари ИМА ва 13.500 сомонӣ пора гирифта, дидаю дониста, ки ҳуқуқи ҷудо намудани заминро надоранд, аз заминҳои  корами  обии  Муассисаи номбурда ва Кооперативи  тиҷоратии  “Озмоиш”, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Чоргултеппа ва Зайнабободи  ноҳияи  Рӯдакӣ,  ба ҳар кадоми онҳо ба миқдори аз 0,03 то 0,45 га, дар маҷмӯъ 7,43 га қитъаи заминро ҳамчун замини наздиҳавлигӣ, барои сохтмони  хонаи истиқоматӣ ҷудо намуда додаанд. Ҳамзамон кирдорҳои ҷиноии худро идома дода, дар 53 ҳолат нусхаҳои фармонҳои директори Муассисаи давлатии  стансияи  давлатии  озмоиши  мошинаҳои Тоҷикистон ва  қарорҳои  раиси Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакиро оиди ба шаҳрвандон вобаст намудани қитъаҳои заминро сохтакорона бо истифодаи техникаи компютерӣ омода намуда, ба онҳо додаанд. Ҳамчунин, Раҳимов Ҳ. бо истифодаи мақоми хизматӣ  бо  маслиҳати  пешакӣ бо Садриддинов О.Б. ва Мирзоев С. дар давраи солҳои 2012-2016 нуқтаи фурӯши гази моеъ, воқеъ дар шаҳраки  Камарови ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, анбори Кооперативи тиҷоратии “Озмоиш” ва бошишгоҳи саҳроии кооперативи номбурдаро ба маблағи умумии 252.000 сомонӣ ва 17.500 доллари ИМА фурӯхта, аз ин маблағ ҳамагӣ 56.800 сомонӣ ба хазинаи кооператив воридот карда, боқимонда 195.200 сомонӣ ва 17.500 доллари ИМА-ро азонихуд намуда, ба кооперативи мазкур ба миқдори махсусан калон зарар расонидаанд.

    Шарофутдинов О.Х. аз 26.08.2004  сол дар вазифаи муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият намуда, моҳи ноябри соли 2013 бо маслиҳати пешакӣ бо Садриддинов О.Б. 0,50 га қитъаи замини ҷамоатро ғайриқонунӣ ба ивази маблағҳои  пулӣ ба шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ҷудо намуда, аз номбурда маблағи 19.500 доллари ИМА ба сифати пора гирифтааст. Ӯ 11.02. 2017 сол   барои ба шаҳрванд Муминов Х.В. аз ҳисоби заминҳои ҳудуди Ҷамоати зикргардида ғайриқонунӣ ҷудо намудани 0,8 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 12.000 доллари ИМА ба сифати пора талаб намуда гирифтааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 05.10.2017 сол  Раҳимов Ҳ., Садриддинов О.Б., Шарофутдинов О.Х., Убайдов И. ва Мирзоев С. бо моддаҳои дар боло қайдгардидагунаҳкор дониста шуда, Раҳимов Ҳ.- 25 сол, Садриддинов О.Б.- 24 сол, Шарофутдинов О.Х.- 16 сол, Убайдов И.-  5 сол ва Мирзоев С.- 8 сол аз озодӣ  маҳрум  гардиданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ