Хабарҳо

Бадалиев Ф.Ж., Бадалиев И.Ж. ва Бадалиев Ҷ.А. маҳкум гардиданд.

Санаи 4 июли соли 2017 дар суди вилояти Хатлон  парвандаи ҷиноятӣ нисбати Бадалиев Ф.Ж. бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “з” ва 104 қисми 2 банди «з», нисбати Бадалиев И.Ж. ва Бадалиев Ҷ.А. бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “з” ва 104 қисми 2 банди «з» Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ гардид..

Номбурдагон барои он аӣбдор дониста шудаанд, ки Бадалиев Ф.Ж. Бадалиев И.Ж. ва Бадалиев Ҷ.А. дар мавзеи доманакуҳҳои Қарсанбулоқи деҳаи Коммунизм, Ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ ба чарондани молҳои калони шохдор, маӣда, аспҳои ҷамъиятӣ ва шахсии худ фаъолият мекарданд.

Дар ин мавзеъ бародарон Наибовҳо, Наим, Раҳим, Шоназар ва домоди онҳо Додарбеков Т.М., низ бо нигоҳубини чорво машғул будаанд. Дар миёнашон дар заминаи истифодаи чapoгoҳ ва чоҳи оби нушокии чорво муноқиша cap задааст.

08.11.2016 сол соати 800 сарчупон Бадалиев Ф.Ж.,Бадалиев И.Ж. ва Бадалиев Ҷ.А. дар мавзеъи номбурда бо Наибов Ш. вохурда, дар заминаи хусумати қаблии доштаашон бо ӯ муноқиша карда, аввалан Бадалиев И.Ж. ва Бадалиев Ҷ.А. бо асочуби чупониашон ба пушти сару миёну поӣҳои Наибов Ш. зарбаҳои бешумор зада, сипас Бадалиев Ф.Ж. бо асочубаш бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан, ба қисми болоии сари Наибов Ш. зада, ӯро аз поӣ афтонида, дар натиҷа Наибов Ш. аз зарбаҳои зиёди бешумор, аз ҳуш рафта ба дохили чоҳи обгирӣ афтидааст. Амалҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, Бадалиев И.Ж. ва Бадалиев Ҷ.А. дар дохили чоҳ низ Наибов Ш.-ро мавриди  лату  куб  қарор  додаанд.

 Бадалиев Ф.Ж., Бадалиев Ҷ.А. ва Бадалиев И.Ж, куштори Додарбеков Т., ки тахминан дар масофаи 400 метр дури ба нигоҳубини чорвои худ машғул буд, тарҳрезӣ намуда,  баӣни худ маслиҳат карда, аз паӣи то охир расонидани қасди ҷинояткоронаи худ, ба  назди Додарбеков Т. рафтаанд. Бадалиев Ф.Ж. бо таёқи худ ба сари Додарбеков Т.М., зарба задааст, ки дар натиҷа Додарбеков Т.М., ба замин афтидааст. Бадалиев Ҷ. ва Бадалиев И. боз  амалҳои  ҷинояткоронаи  худро  идома  дода, бо таёқҳои дар  даст  доштаи худ ба қисми паси сар, миён ва поӣҳои Додарбеков Т. зарба зада, ӯро аз ҳаёт маҳрум карданд.

25 декабри соли 2016 аз ҷониби прокуратураи вилояти Хатлон нисбати Бадалиев Ф.Ж. бо моддаҳои  32  қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “з” ва 104 қисми 2 банди «з», нисбати Бадалиев И.Ж. ва Бадалиев Ҷ.А. бо моддаҳои 32  қисми 3-104  қисми 2 бандҳои “з” ва 104  қисми 2 банди  «з»  Кодекси  ҷиноятӣ, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пас аз  ба  анҷом  расонидани   тафтишоти  пешакӣ  парвандаи  ҷиноятии  мазкур  бо тасдиқи фикри аӣбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди вилояти Хатлон  ирсол карда шудааст.

Бо ҳукми коллегияи судии вилояти Хатлон аз 4 июли соли 2017 Бадалиев Ф.Ж. ба муҳлати  27  сол, Бадалиев И.Ж. ва Бадалиев Ҷ.А. ба муҳлати 25 солӣ аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ