Хабарҳо

О Қ И Б А Т И З А М И Н Ф У РӮ Ш Ӣ

   Дар суди ноҳияи Рӯдакӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати Алихонов А.А. бо моддаҳои 247 қ. 4 банди “б” ва 3381 қ. 2 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  баррасӣ гардид.

Алихонов А.А. барои он айбдор дониста шудааст, ки ӯ дар асоси фармони сардори кооперативи истеҳсолии “Сайёд-2006” аз 13.11. 2013 ба вазифаи  сармуҳосиби кооперативи номбурда таъин гардида, бо истифода аз мақоми хизматӣ, бо роҳи фиреб

 ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Қосимов Н.Р. маблағи 6000 доллари ИМА гирифта, дидаю дониста, ки ҳуқуқи ҷудо карда додани заминро надорад, аз заминҳои корами обии кооперативи истеҳсолии “Сайёд-2006”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, ба охирон 0,03 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ, барои сохтмони хонаи истиқоматӣ ҷудо карда додааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 13.04.2017 Алихонов А.А. бо моддаҳои дар боло  қайдгардида  гунаҳгор дониста шуда, ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 2000  нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 80000  сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатӣ ва роҳбарикунанда ба муҳлати 4 сол таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ