Хабарҳо

МАҲКУМШАВӢ БАРОИ ҚАЛЛОБИЮ СОХТАКОРӢ

 Дар суди ноҳияи Рӯдакӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати Бабаханов С.Э. ва Баротов Ш.Б. бо моддаҳои 247 қ. 4 банди “б”, 3381 қ. 2 бандҳои “а”, “б” ва 340 қ. 2 бандҳои “а”, “б”, “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Номбурдагон барои он айбдор дониста шудаанд, киаз моҳи апрели соли 2014 то моҳи марти соли 2016 бо маслиҳати пешакӣ бо Баротов Ш.Б. дар 5 ҳолат бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрвандон Яхшибеков Ф.С., Ризоев М.С., Пулотов Ҷ.Р., Тураев Қ.Х. ва Одинаев Д.А. маблағи аз 7.500 то 

  29.000 доллари ИМА гирифта, дидаю дониста, ки ҳуқуқи ҷудо карда додани заминро надоранд, аз заминҳои корами обии хоҷагии деҳқонии “Мусо”-и Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ба ҳар кадоми онҳо ба миқдори аз 0,03 то 0,07 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ, барои сохтмони хонаи истиқоматӣ људо карда додаанд.

Номбурдагон  кирдорҳои ҷиноии худро идома дода, қарори Раиси Ҷамоати деҳоти “Оқ-қурғон”-и ноҳияи Рӯдакӣ, таҳти № 20 аз 20 марти соли 2006 оиди ба Яхшибеков Ф.С. вобаст намудани 0,03 га қитъаи заминро  сохтакорона  бо истифодаи техникаи компютерӣ омода намуда, ба номбурда додаанд.

Бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 07.04.2017 Бабаханов С.Э. ва Баротов Ш.Б. бо моддаҳои дар  боло  қайдгардида гунаҳгор дониста шуда, Бабаханов С.Э. ба муҳлати 13 сол ва Баротов Ш.Б. бошад ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ