Хабарҳо

Оқибати ҷалб намудан ба ташкилоти экстремистию террористӣ

 30.03.2017 дар суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда Ҳакимов Ҷ.А. бо моддаҳои 187 қ. 2 ва 4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  баррасӣ гардид.

Ҳакимов Ҷ.А.  аз соли 2005  мунтазам ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Руссия рафта омада,  соли 2013 ҳангоми дар Федератсияи Руссия қарор доштанаш тавассути телефони мобилӣ бо бародараш Ҳакимов А. А. ва ҳамсояаш Назаров Н., ки ҳамон вақт дар сафи аъзоёни ташкилоти экстремистӣ-террористии 

  Давлати исломӣ муқобили ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Ироқ меҷангиданд, алоқа барпо намуда, ҳамсӯҳбат мешуд ва  бо ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстремистӣ-террористи шинос шуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намуда, ба таклифҳояшон дар хусуси ёфтан ва фиристодани шаҳрвандон барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ розӣ шудааст.

Ӯ кирдори ҷинояткоронаи худро давом дода, бо дастури аъзоёни ин гурӯҳи террористӣ бо роҳи даъват намудан аз моҳи сентябри соли 2013 то моҳи ноябри соли 2016 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсупов Б.Р., Қурбонов О.Ҳ., Шарипов Т.И., Қурбонов Р.Ҳ., Қурбонов Д.С.-ро ҷалб ва барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ гусел намудааст.

Пас аз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштан фаъолияти ҷинояткоронаи худро идома  дода,  шаҳрвандон Ниёзов М.Қ, Каримов Ш. А., Қодиров Ш.Ҷ., Абдураҳимов И.Д. ва Хомушов Д.Ҳ.-ро барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Сурияи Араб ва Ҷумҳурии Ироқ  даъват намудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе аз 30.03.2017 судшаванда Ҳакимов Ҷ. бо моддаҳои  дар  боло  қайдгардида гунаҳгор  дониста шуда, ба муҳлати 15 сол  аз озодӣ маҳрум карда шуд..

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ