Хабарҳо

Азонихудкунии амвол !

Сармуҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Панҷакент, Маҷидов Ҳ., дар давраи фаъолияти кориаш, бо мақсади ғаразнок ва бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш аз моҳи январи соли 2020 то моҳи октябри соли 2021 ведомости пардохти музди меҳнати кормандони муассисаро ғайриқонунӣ тартиб дода, дар он бо роҳи сохтакорӣ музди меҳнати худашро аз 3000 то 9400 сомонӣ барзиёд нишон дода, дар асоси ин ҳуҷҷати расмӣ ба номи худаш дар маҷмӯъ, маблағи 76,534 сомонӣ музди меҳнат гузаронида, минбаъд ин маблағро азонихуд намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст, ки дар натиҷа ба манфиатҳои давлат ба микдори калон зарари моддӣ расидааст.

 

     Оиди ҳолати мазкур, аз ҷониби прокурори шаҳри Панҷакент, нисбати Маҷидов Ҳ., бо моддаҳои 245 қисми 2 банди “г” ва 323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъд аз анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ ба суд фиристонида шудааст.

     Бо ҳукми суди шаҳри Панҷакент, Маҷидов Ҳ., бо моддаҳои 245 қисми 2 банди “г” ва 323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, маҳкум карда шудааст.   

 

 Маркази матбуоти

            Прокуратураи генералӣ