Хабарҳо

Экстремизм ва оқибатҳои он !

   Суди шаҳри Ваҳдат, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Раҳмонзода Беҳрузи Абдуллоҷонро, бо моддаи 3073 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ), ки тафтиши он аз ҷониби прокуртураи шаҳри Ваҳдат ба анҷом расонида шуда буд, баррасӣ намуд.

 

   Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки Раҳмонзода Б.А. дидаю дониста, ки иштирок дар фаъолияти ин ташкилот ҷиноят эътироф гардида, фаъолияти он бо ҳалномаи Суди Олӣ ҳамчун ҳизби назҳати ислом” ва “Ҳаракати толибон” ташкилоти экстремистӣ (ифротгарои” ва террористӣ эътироф гардида, фаъолияти онҳо ва нашрияиву сомонаҳояшон манъ гардидааст, санаи 24 январи соли 2017 тавассути телефони мобилиаш дар шабакаи иҷтимоии “You Tube” тавассути телефони мобилияш тамғаи “Samsung” бо истифодаи почтаи электронии “Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.” саҳифаи худро бо хуруфоти лотинӣ бо мустаори “Ahmad Abdullah” кушода, дидаю дониста дар он мунтазам ба тамошои сабту наворҳои аудио-видеоии барномаҳои интернетии “UFUQ TV” (Уфуқ ТВ), “ISLOH TV” (Ислоҳ ТВ), “Haq TJ” (Ҳақ ТҶ), ки таҳиягарон ва ровиёни онҳо саркардагон ва намояндагони ташкилотҳои террористиву экстремистии “Паймони миллии Тоҷикистои”, “Ҳизби наҳзади ислом” ва “Ҳаракати Толибон” буда, мазмуни динӣ, ифротгарой, тарғибкунандаи ташкилотҳо ва муқобили сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, машғул шуда, онҳоро ҷонибдори карда, қасдан сабту наворҳои видеоии барномаҳои онҳоро барои намоиш дар байни доираи васеъи истифодабарандагони сомоиаи иҷтимоии иентернетии мазкур ғайриқонунӣ пахн намудааст.

    Бо ҳукми суди шаҳри Ваҳдат, Раҳмонзода Б.А. бо моддаи 3073 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ б мӯҳлати 5 сол бо адо нмудни ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш пурзӯр маҳкум карда шудааст.   

 

    Маркази матбуоти

    Прокуратураи генералӣ