Хабарҳо

К у ш т о р

     Суди вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ нисбати Мусирова Мастона Алихоновна, сокини ҷамоати шаҳраки  Гулистони ноҳияи Ҷ.Балхӣ, бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтишоти он аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон ба анҷом расонида шуда буд, баррасӣ намуд.

      Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки Мусирова М.А. соли 2002 бо Мусиров Халил Уринович, оила барпо карда, зиндагонии якҷоя дошта, моҳи августи соли 2021 Мусиров Х.У. ду сар чорвои калони шохдори шахсиашро фурӯхта, маблағи бадастомадаро ба писараш Хуррамов Ҳоҷимурод Халилович, додааст ва охирин моҳи августи соли 2021 ба Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, маблағи зикр шударо ҳамчун роҳкиро сарф кардааст. Азбаски то охири моҳи октябри соли 2021 писараш Хуррамов Ҳ.Х. ба хона маблағ равон накардаааст, Мусиров Х.У. ба қаҳру ғазаб омада, бо хулосабарории бофтаи худ, ки гӯё музди меҳнати писараш Хуррамов Ҳ.Х-ро хешовандони ҳамсараш, ки ҳамроҳи писараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, гирифта ба манфиати худ истифода бурда истодаанд, ба латукӯб ва шабҳо аз хона рондани ҳамсараш Мусирова М.А. машғул шудааст. Рӯзи 18 ноябри соли 2021 Мусиров Х.У., тахминан соати 17-18 такроран ӯро аз хона рондааст.

     Баъдан фарзандони ноболиғаш Мусирова Мадина Халиловна, соли таваллудаш 2004 ва Мусиров Муҳаммад Халиловичи соли таваллудаш 2006-ро барои дарёфти модарашон равон карда, таъкид кардааст бе модарашон ба хона бар нагарданд. Ӯ, бо фарзандонаш дар каҳдони ҳамсояаш Бойқулов Шералй, тахминан то соати 21 40-50 дақиқа пинҳон шудаанд. Баъдан бо сабаби ҳаво сард будан хунук хӯрда ба хонаашон баргаштаанд.

     Ҳангоми ба ҳавлӣ ворид шудан ӯ фарзандонашонро дар оғилихонаашон пинҳон карда, худ ба назди тирезаи бинои истиқоматиаш рафта тариқи тиреза мушоҳида намудааст, ки шавҳараш Мусиров Х.У. дар назди дари даромади ҳуҷра хобидааст. Аз ҳолати мазкур, яъне шавҳараш дар хонаи гарм хобидаасту ӯ бо фарзандонаш дар ҳавои сард дар берун хунук хӯрда гаштааст ба қаҳру ғазаб омада, мақсад гузоштааст шавҳарашро ба марг расонад.

     Сипас, барои амалӣ намудани мақсади худ ӯ аз ҳавли табарро гирифта, вориди ҳуҷра шуда,  ба қисми сари шавҳараш Мусиров Х.У., ки дар ҳолати хоб буд 4 зарба зада, баъди зарба заданаш ба хонаи хусуру хуштоманаш, ки дар ҳамсоягиашон зиндагони мекунанд рафта хабар додааст, ки гӯё шахси номаълум, ҳангоми хоб будани ӯ бо ахли оилааш, вориди ҳуҷраи истиқоматии онҳо шуда, ба шавҳараш Мусиров Х.У. ҷароҳатҳои ҷисмонй расонида баромада рафтааст. Худи ҳамон рӯз Мусиров Х.У, аз ҷониби бародаронаш ба беморхонаи марказии ноҳияи Ҷ.Балхӣ бурда бистарй шуда, ба ҳлокат расидааст.

      Бо ҳукми суди вилояти Хатлон, аз 16 декабри соли 2021 судшаванда Мусирова М.А. бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъйин карда шудааст.  

 

       

        Маркази матбуоти

        Прокуратураи генералӣ