Хабарҳо

Натиҷаи амалҳои калобона !

   Абдураҳмонов Шаҳбоз Ҳайдаралиевич, истиқоматкунандаи деҳаи Боғи Зоғон, ҷамоати деҳоти Сарихосори ноҳияи Балҷувон, аввалҳои моҳи феврали соли 2021 бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ ба боварии шаҳрванд Подшоева Миҷгона Бахтиеровна, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, даромада, худашро бо номи Саидов У мед корманди Дастгоҳи Иҷроияи Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда, ваъда додааст, ки ба ӯ 4500 сомонӣ диҳад ва бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш қитъаи замин наздиҳавлигӣ аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣро ҷудо карда медиҳад.

   Аммо ӯ, 4500-сомонии бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро аз номбурда гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст, ки бо ин кирдораш ба шаҳрванд Подшоева М.Б. ба маблағи 4500 (чорҳазору пансад)-сомонӣ зарар ба микдори махсусан калон мерасонад.

   Боз ӯ, такроран аввалҳои моҳи феврали соли 2021 сол бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ ба боварии шаҳрванд Файзова Гулнорой Менгалиевна, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, даромада, худашро бо номи Саидов У мед корманди Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муарифй карда, ваъда додааст, ки ба ӯ 10-ҳазор сомони диҳад ва бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш қитъаи замин наздиҳавлигӣ аз ҳудуди ноҳияи Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ, ҷудо карда медиҳад.

   Аммо ӯ, 10-ҳазор сомонӣ маблағи пулии бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро аз номбурда гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст, ки бо ин кирдораш ба шаҳрванд Файзова Г.М. ба маблаги 10 ҳазор сомонӣ зарар ба микдори махсусан калон расонидааст.

   Ба ҳамин монанд ӯ, боз дар ин давра бо муаррифии худ бо номи Саидов У мед ҳамчунин корманди Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи фиреб ва сӯъистифодаи боварӣ аз шаҳрвандон Элназаров Н.Ф. маблағи 1500 сомонӣ, Мирзоалиев А.Қ. маблағи 3500 сомонӣ, Сафаралии Т. маблағи 7000 сомонӣ, Ҷумаев С.Т. маблағи 5000 сомонӣ, Одинаев Э.Р. маблағи 4500 сомонӣ, Амиршоев Ҷ.Ғ. маблағи 8000 сомонӣ, Мирзоалиева М.Қ. маблағи 3500 сомонӣ, Амиров Ф.Х. маблағи 4000 сомонӣ, Ҷумаев М.А. маблағи 4000 сомонӣ, Эгамбердиева Ф.Р. маблағи 3500 сомонӣ, Эгамбердиева С.А. маблағи 3500 сомонӣ, Абдуллоева С.Ҳ. маблағи 3500 сомонӣ, Шарифов Б.Н. маблағи 3500 сомонӣ, Пирназаров С.С. маблағи 10800 сомонӣ, Рустамов Ю.А. маблағи 500 сомонӣ ва аз Курбонов М.А. маблағи 9000 сомонӣ гирифташро ба манфиати шахсияш истифода бурда, ба шаҳрвандони боло зикр заррарӣ махсусан калони моддӣ расонидааст.

   Прокурори ноҳияи Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ, нисбати Абдураҳмонов Шаҳбоз Ҳайдаралиевич, бо моддаи 247 қисми 2 бндҳои “а,в”, 247 қисми 3 банди “в” ва 247 қисми 4 банди “б”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ, ба суд фиристонидааст.

   Бо хукми суди ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмонов Шаҳбоз Ҳайдаралиевич, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати 10 сол бо нигоҳ доштан дар колонияҳои дорои низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ