Хабарҳо

Оқибати суистифодаи мансабӣ !

  Дар толори маҷлиси судии Суди Олӣ, парвандаи ҷиноятӣ нисбати командири кисми ҳарбии 0203 РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковник, Ояҳмадов Фирдавс Самадович, бо моддаи 391 қисми 3 банди “а” ва қатории ҳамин қисми ҳарбй Бегматов Илҳомжон Маҳмадаминович, бо моддаҳои 110 қисми 3 банди “в” ва 373 қисми 2 банди “д” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳиятан баррасӣ карда шудааст.

   Мақомоти тафтишоти пешакӣ номбурдагонро барои он айбдор донистааст, ки подполковник, Ояҳмадов Ф.С., ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳамчун шахси мансабдор бефаъолиятӣ ва беамалй нишон дода, аз ин ҳолат қаторӣ Бегматов И.М. истифода карда, 10 феврали соли 2021 соати 19:20 дақиқа дар назди ҳоҷатхонаи дидбонгоҳи сарҳадии №4 “Саразм” қисми ҳарбии зикршуда қаторӣ Алиев М.А.-ро дашному ҳақорат карда, қасдан бо дастонаш ба қафаси сина ва қисмати гарданаш зарба задааст, ки дар натиҷа Алиев М.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент бинобар норасоии шадиди кори дил, рагҳои хунгард ва нафаскашӣ вафот кардааст.

   Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июни соли 2021 Ояҳмадов Ф.С. ва Бегматов И.М. гунаҳгор дониста шуда, ба Бегматов И.М. аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазои ниҳоӣ 20 сол маҳрум сохтан аз озодӣ ва ба Ояҳмадов Ф.С. ҷазои 9 сол маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуотии Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон