Хабарҳо

МУНОСИБАТИ БЕРАҲМОНА

   Прокуратураи шаҳри Кӯлоб тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Рухсорамои Давлат бо моддаҳои 174 (иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол намуда буд.

  Тафтишоти пешакии парвандаи ҷинояти муқаррар намуд, ки истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, Рухсорамои Д. ба ҳайси мурабияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1 шаҳри Кӯлоб кор карда, уҳдадориҳои қонунан ба зимааш гузоштаро оид ба таълиму тарбияи кӯдакон номатлуб иҷро карда, нисбати тарбиятгирандагони ноболиғ муносибати бераҳмона менамудааст.

  Аз ҷумла, 23 ноябри соли 2020 ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои худ оид ба таълиму тарбияи кӯдакон дар муассисаи таҳсилоти томактабии болозикршуда ба хурдсолон Раҳмонов Сайдмудасир Маҳмадназарович, соли таваллудаш 28.08 соли 2015 ва Назаров Назаралӣ Сафарович, таваллудаш 30.04 соли 2016 муносибати бераҳмона намуда, барои ором нишаста бозӣ кардан дар ҳуҷраи бозии ҳамин муассиса қошуқи алюминиро дар бухории (печкаи) тафсон гарм намуда, бо мақсади сарзаниш додан ба воситаи он рухсораи номбурдагонро сӯзонида ба саломатиашон заррари сабуки ҷисмонӣ расонидааст.

  Бо ҳукми суди шаҳри Кӯлоб аз 25.02 соли 2021 Рухсорамои Д. бо моддаи 174 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ