Хабарҳо

Одамкуши бо бераҳмии махсус

 Тоирова Назокатхон Зоировна соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯшониён 09 сентябри соли 2020 тахминан соати 1300 дақиқа дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар суроғаи дар боло зикршуда қасдан бо мақсади ба қатл расонидани фарзандони ноболиғи худ Тоиров Юнусҷон Маҳмаджонович, таваллудаш 29 сентябри соли 2014, Тоиров Юсуфҷон Муҳамаджонович, таваллудаш 06 январи соли 2011, Тоиров Акбар Муҳамаджонович, таваллудаш 22 октябри соли 2012 ва Тоиров Анис Муҳамаджонович, 

  таваллудаш 15 апрели соли 2019 -ро дар дохили ҳуҷраи манзили истиқоматиаш бо роҳи буғӣ кардан ба қатл расонида, пас аз ба охир расонидани ҳаракатҳои ҷинояткоронааш бо мақсади даст ба худкушӣ задани худ 10 дона ҳаб (таблетка)-и «демидрол»-ро истеъмол карда, ба ҳуҷрае, ки ҷасадҳои фарзандонаш хобида буданд даромада, бо ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсияти худ, шавҳараш ва фарзандони ноболиғаш оташ мезанад. Азбаски ӯ доруи «демидрол»-ро истеъмол карда буд дар назди ҷасадҳои фарзандонаш хобаш мебарад ва новобаста аз иродаи ӯ оташ фурузон нагардида хомӯш мегардад. Тахминан соати 1600 ӯ аз хобаш бедор шуда, аз манзили истиқоматиаш баромада ба ШВКД дар шаҳри Бохтар рафта, ба кормандони милитсия оиди ҷинояти содиркардааш маълумоти худиқрорӣ додааст.

  Прокуратураи вилояти Хатлон 09 сентябри соли 2020 нисбати Тоирова Назокатхон Зокиржоновна бо аломатҳои моддаи 104 қисми 2 бандҳои «а», «в», «е» КҶ Ҷумҳури Тоҷикистон одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани ду шахе ё бештар аз он, бо бераҳмии махсус парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол карда шуд.

  Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон аз 3 декабри соли 2020 Тоирова Н.З. дар содир намудани ҷиноят бо аломатҳои моддаи 104 қисми 2 бандҳои “а”, “в” ва “е”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, гунаҳгор дониста шуда ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯхдати 25 сол, бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дороӣ низомаш умуми таъйин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ