Хабарҳо

Одамкушӣ

    8 январи соли 2021 ба беморхонаи шаҳри Ваҳдат шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой Цзян Венсин, 15 апрели 1953 соли таваллудаш, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Вахдат, деҳаи Чиртак, ки аз соли 2008 инҷониб ба истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ машғул буд, ба ҳалокат расидааст.

   9 январи соли 2021 аз ҷониби прокурори шаҳри Вахдат бо аломатҳои моддаи 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиш қарор дорад.

  Муайян карда шуд, ки Цзян Венсин аз соли 2019 инҷониб бо шаҳрванд “М” 10 марти 1999 соли таваллудаш, модари танҳо, соҳиби як фарзанд, зодаи н.Дарвоз, Ҷ/д Сағирдашт, деҳаи Кулумбаи Поён, сокини шаҳри Вахдат, деҳаи Чиртак, шиносоӣ пайдо намудааст. Ӯ мунтазам “М”-ро бо баҳонаи маҳс кардани баданаш ба бошишгоҳи саҳрои ки онҷо зиндагони мекард даъват карда, бар ивази аз 50 то 100 сомонӣ алоқаи ҷинсӣ анҷом медодааст.

  8 январи соли 2021, тахминан соати 18:30 дақиқа “М” бо даъвати навбатии Цзян Венсин барои маҳси бадан ба бошишгоҳи саҳроии номбурда рафтааст.

  Цзян Венсин чун ҳарвақта ҳангоми баданашро маҳс кардани “М” бар ивази 100 сомонӣ анҷом до дани алоқаи ҷинсиро пешниҳод кардааст. “М” дар давраи ҳайзи занона гирифтор буданаш талаби номбурдаро рад кардааст. Цзян Венсин ба суханони “М” аҳамият надода, маҷбуран бо номбурда як маротиба алоқаи ҷинсӣ анҷом дода, аз охирин талаб кардааст, ки то саҳар бо ӯ дар бошишгоҳи саҳроияш монад. “М” талаби ӯро рад намуда, ба сӯи дари бошишгоҳи саҳроӣ рафта, аз Цзян Венсин хоҳиш кардааст, ки бинобар танҳо будани фарзанди хурдсолаш барои ба хонаашон рафтан иҷозат диҳад. Цзян Венсин аз ин рафтори “М” ба қаҳру ғазаб омада, бо истифодаи ноқили оташков ба қисми қафои сари номбурда як маротиба зада, ба номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. “М” аз қаҳру ғазаб курсии чубини дар назди кати хоби Цзян Венсин бударо гирифта, бо он якчанд маротиба ба қисми фарқ ва чаккаи сари номбурда зарбаҳо задааст, ки   Цзян Венсин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст.

  9 январи соли 2021 “М” дастгир карда шуда, бо парвандаи ҷинояти тафишоти пешакй идома дорад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ