Хабарҳо

МУСОИДАТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ИФРОТГАРОӢ

  Ҳаитов Абдуллоҳ Боймуротович аз соли 2010 то моҳи феврали соли 2020 ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия кору фаъолият намуда, аз аъзоёни номаълуми равияи “Салафия” таълимоти динӣ омӯхта, онро қабул ва ҷонибдорӣ карда, то инҷониб ҳамчун аъзои фаъоли равияи мазкур иштирок карда, ба тарғибу ташвиқи ғояҳои экстремистии ин равия тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернети ба ҷалби шаҳрвандон ҷиҳати иштирокашон дар фаъолияти ин равия машғул шудааст.

 Прокуратураи шаҳри Турсунзода аз рӯи ин ҳолат бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст.

  Бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода Ҳаитов А.Б. гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ