Хабарҳо

Оқибати нопокӣ

 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳайдарова Одина Абдулҳодиевна бо моддаи 110 қисми 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол намуд.

  Тафтишоти пешакӣ ба Ҳайдарова О.А. барои он айб эълон кардааст, ӯ қасди бо роҳи пинҳонӣ пардаи бакорати ҷияни хурдсолаш М.-ро вайрон намудан, дар оянда номбурдаро ҳамчун бероҳа дар назди ҷамъият муаррифӣ сохтан ва бо ин роҳ ба модари охирин М.М. таъсири руҳию равонӣ расониданро намудааст.

  Бо ин мақсад, ӯ субҳи 1 августы соли 2020 аз ҳузур надоштани дигар аъзоёни оилаашон истифода бурда, дар манзили истиқоматишон, воқеъ дар шаҳри Турсунзода як адад маҳсулоти полезии сабзиро гирифта, ба ҳуҷраи хоби хурдсол М. даромада, ба узви занонаи охирин сабзиро ворид карда, ба узвҳои таносул ва саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ расонидааст.

  Ҷароҳатҳои бардоштаи хурдсол М. ба мисли садамаи ҳамбастаи дараҷаи вазнин, захми даридаи пардаи бакорат ва маҳбал, хунравии шадиди беруна ба зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.

  Бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 8 январи соли 2021 судшаванда Ҳайдарова О.А. бо моддаи 110 қисми 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо ин модда ба ӯ маҳрум сохтан аз озодӣ, ба муҳлати 11 солу 6 моҳ, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъйин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ