Хабарҳо

Таҷовуз ба номус

  Мирзоев Саидшо Fаниевич, зода ва сокини н.Панҷ, Ҷамоати деҳоти Кабут Сайфиддинов, деҳаи Ҳамдилон, шаби 21 июни соли 2018 соати 00:10 дақиқа бо мақсади содир кардани таҷовуз ба номуси зан, яъне алоқаи ҷинсӣ бо истифодаи зуроварӣ  ба манзили истиқоматии шаҳрванд  Саидова М.П., ки дар хонааш  танҳо зиндагӣ мекард,  ғайриқонунӣ  ворид гардида, барои қонеъ кардани нафси шаҳвонии худ ба ӯ дарафтода, зуровариро нисбати ҷабрдида истифода  намудааст. Дар натиҷа Саидова М.П.муқобилият нишон дода,  бо овози баланд доду фиғон карда, атрофиёнро ба ёрӣ даъват  намудааст. Мирзоев С. амали ҷиноятиашроба охир нарасонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

   Прокуратураи  ноҳияи Панҷ нисбати Мирзоев С.Ғ.02 декабри соли 2019    бо аломатҳои моддаҳои 32 қисми 3- 138 қисми 2 банди “а”, 147 қисми 2 банди “а”  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда  баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол кардааст.

  Бо ҳукми суди ноҳияи Панҷ аз  08 майи соли 2020 Мирзоев Саидшо Fаниевичбо аломатҳои моддаҳои 32 қисми 3- 138 қисми 2 банди “а”, 147 қисми 2 банди “а”  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо  дар намуди  маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъйин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ