Хабарҳо

Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Сомонаҳои интернетии Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru») хилофи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ амал намуда, ғояҳо ва ақидаҳои ифротгароёнаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии «Ҳизби наҳзати ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва дигарро, ки фаъолияташон бо ҳалномаҳои судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, паҳн менамоянд.

  Бо ин амали худ онҳо ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, маҳалгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоию мазҳабӣдаст зада, барои бо роҳи зӯроварӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ даъват менамоянд.

 Таҳлили маводҳои интишории ин сомонаҳо нишон медиҳад, ки муҳтавои аслии матлабҳо аз таҳриф сохтани воқеият, пешниҳоди ахбори бардуруғ ва иғвоангез иборат буда, он ҷиҳати ба вуҷуд овардани ҳисси нобоварӣ ва норозигии аҳолӣ нисбат ба сохти Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.

 Ҳамзамон, ин амали ҷинояткорона баҳри ҷалби маблағгузорон аз ҳисоби созмону ташкилотҳое, ки мақсади ноором гардонидани вазъи сиёсиву иҷтимоиро дар кишвари мо доранд, равона гардидааст.

 Бояд зикр кард, ки таъсис ва пешбурди кори сомонаҳои интернета, сӯиистифода аз эътиқод ва мафкураи мардум дар замони муосир яке аз усулҳои маъмули фаъолияти хадамоти махсуси баъзе давлатҳои хориҷӣ маҳсуб меёбад.

 Таҳти ниқоби «гуногунрангӣ» ва ба «тарзи фаврӣ» додани маълумоти ғаразнок дар бораи рӯйдодҳои ҷумҳурӣ хадамоти махсусе, ки «Ахбор.ком» ва «наҳзат.ру»-ро маблағгузорӣ мекунад, мақсад дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазъияти солҳои 90- уми асри гузашта, ки дар натиҷаи он даҳҳо ҳазор шаҳрвандон қурбони ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ гаштанд, бозгардонад.

 Прокуратурам генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 декабри соли 2019 бо мақсади ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ариза ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бастани сомонаҳои интернетии «Ахбор.ком» ва «наҳзат.ру» муроҷиат намуд.

 18 феврали соли 2020 аризаи мазкур аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардида, сомонаҳои интернетии «Ахбор.ком» ва «наҳзат.ру» баста шуда, воридоту паҳн кардани аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва маводи чопии онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.

 Қайд кардан зарур аст, ки аксарияти мақолаҳо ва хабарҳое, ки дар сомонаи интернетии болозикр ҷойкарда мешаванд, боиси ба вуҷуд овардани низоъҳои гуногун аз нигоҳи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ дар баӣни хонандагони онҳо мегардад, ки тибқи талаботи моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин амалҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.

 Аз ин рӯ кирдори ашхосе, ки хилофи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда бо созмонҳои террориста ва сомонаҳои манфиатҳои онҳоро ҳимоякунанда ҳамкорӣ менамоянд, тибқи талаботи қонун баҳогузорӣ карда мешавад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ