Хабарҳо

ХИЁНАТ БА ШАВҲАР

  11 июли соли 2019 Раҳмонов Насимҷон Ҳакималиевич муносибати наздик ва маҳрамона доштани ҳамсараш Ҷумаева Муҳайё Ваҳобовнаро бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Маҳтовзода Низомиддин хабардор шуда, бо ӯ муноқишаи оливаӣ намудааст.

  Ҳамсараш Ҷумаева М.В. баъди муноқишаи оилавӣ аз манзили истиқоматиашон, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Ҳосилот қаҳр карда баромада, ба назди Маҳтовзода Н., ки солҳои охир ҳамчун соҳибкор дар ҶДММ "Бозори Корвон" фаъолият мекард, ба манзили истиқоматии охирон воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, бинои 91/1 меравад.

  Раҳмонов Н.Ҳ. тахминан соати 16 бо сабаби рашк ва бадбинӣ, барои халос шудан аз рақиби худ ба назди манзили истиқоматии Маҳтовзода Н. рафта, оҳани рахпеч (арматур)-ро омода намуда, дар даромадгоҳи бино мунтазири фаромадани Маҳтовзода Н. Ва ҳамсараш Ҷумаева М.В. мешавад.

  Сипас, ҳамсараш Ҷумаева М.В. вориди даромадгоҳи бино гардида, ӯ бо ҳамсараш муноқиша мекунад, ки дар ин вақт Маҳтовзода Н. ба пешвозгирӣ баромада, Раҳмонов Н.Ҳ. бошад, ба воситаи оҳани мазкур Маҳтовзода Н. ва ҳамсараш Ҷумаева М.В.-ро мавриди лату куб қарор медиҳад, ки дар натиҷа Маҳтовзода Н. ба ҳалокат мерасад.

  Прокурори ноҳияи Фирдавсӣ нисбати Раҳмонов Н.Ҳ. бо моддаҳои 104 қисми 1 (одамкушӣ) ва 111 қисми 1 (қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ онро ба суд фиристонидааст.

  Бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе Раҳмонов Н.Ҳ. пурра гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 8 сол таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ