Хабарҳо

Риояи қонуни танзим ҳатмист

   Далиев Сатыбалды Тоҷидинович санаи таваллудаш 02 феврали соли 1969, зода ва истиқоматкунанадаи ноҳияи Лахш, Ҷамоати деҳоти Пилдон, деҳаи Сайрой бар хилофи талаботи қисми 2 моддаи 11 (маросими се, чил ва сол бе забҳи чорво ва додани таъом гузаронида мешавад) ва қисми 1 моддаи 14 иловаи 1-и (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд ҷашну маросимҳоро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллиро доир ба баргузории туйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорй хабардор намоянд) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал намуда, 04 январи соли 2020 соати 18:00 бидуни хабар намудани комиссияи доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар манзили истиқоматияш воқеъ дар суроғаи ноҳияи Лахш, Ҷамоати деҳоти Пилдон, деқаи Сайрон бо забҳ намудани чорво маросими азодории “сол”-и модараш марҳум “Исматова М.”-ро ташкил намуда, барои 50-60 нафар дар 4 ҳуҷраи хонаи истиқоматияш дастархон ороста, ду намуди таъом, яъне_“Шурбо” ва “Ош” омода карда, ҳамзамон дар чойхонаи маҳаллаашон барои сокинони маҳалла ва хешовандонаш зиёфат додааст.

  Ҳолати мазкур ҳангоми гузаронидани санҷиши муштараки кормандони прокуратураи ноҳияи Лахш, Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия ва кормандони Шуъбаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш ошкор гардида, нисбати Далиев Сатыбалды Тоҷидинович бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тодикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурй оғоз карда шуда, аз рӯи тобеият ба суд ирсол карда шуд. 14 январи соли 2020 бо қарори суди ноҳияи Лахш, Далиев Сатыбалды Тоҷидинович бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ба андозаи 100 нишондиҳанда дарима барои ҳисобҳо баробар ба 5800 (панҷ ҳазору ҳаштсад) сомонй ба фоидаи давлат муқаррар карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ